Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Раҳматулло Мардиктоевро барои наҷот додани ҷони як духтари ҷавон аз марг бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ намудааст.
Раҳматулло Мардиктоев чанд рӯз қабл як духтари 19-соларо, ки бо қасди худкушӣ аз пули болои собиқ бозори “Султони Кабир” худро ба дарёи Душанбе партофта буд, аз об берун бароварда, аз марг наҷот дода буд.
Худи наврас зимни сухбат бо расонаҳо гуфтааст, ки шоми 19-уми март барои тамрин ба соҳили дарёи Душанбе рафта буд ва дар об ғарқ шудани духтареро дида, бо мақсади наҷот додани ӯ худашро ба об андохта, бо сад азоб ӯро аз об бароварда, ба беморхона бурду то расидани наздиконаш он ҷо монд. Раҳматулло гуфтааст, ки он вақт ба ҷуз андешаи наҷот додани духтар аз марг дигар ҳеҷ фикре дар сараш набуд ва аслан тарсу ваҳмро эҳсос накардааст.
Милитсияи пойтахт ин рафтори хонандаи синфи 10-ро намудаи далерию шуҷоатмандӣ хонда, ба волидайн ва устодонаш барои таълиму тарбияи шоистаи наврас изҳори сипос намудааст.