arzon replenishment
Миҷгона хушдоманашро кушту…
1239


Солҳои охир ҳамдигарнофаҳмӣ, ҷангу ҷанҷол ва хусумату бадбинӣ байни келину хушдоманҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, кор ба ҷое расидааст, ки баъзан моҷароҳои хонаводагӣ бо хунрезӣ ва қатлу куштори келин ба дасти хушдоман ё баръакс модаршӯй ба дасти арӯс анҷом меёбанд.

Чанде қабл додгоҳи Вилояти Хатлон парвандаи яке аз чунин арӯсони бераҳмро, ки модаршӯяшро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониба буд, мавриди баррасӣ қарор дода, келини хушдоманкушро ба мӯҳлати беш аз 18-сол равонаи зиндон намуд.

Келине, ки дар қатли хушдоманаш муттаҳам дониста шуда, бо ҳукми суд ба мӯҳлати 18 солу 6 моҳ равонаи зиндон гашт, сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон буда, Миҷгона Бегматова ном дорад. Мувофиқи фарзияи тафтишот Мигҷона Бегматова бо дугонааш Мадина Нурмуҳаммадзода забон як карда, модаршӯяшро дар пеши назари набераи хурдсолаш бӯғӣ карда мекушанд ва пас аз анҷом додани ин амали бераҳмона бо воситаи тиреза ба ҳуҷраи хоби марҳум даромада 220 сомонӣ, телефони мобилии арзишаш 250 сомонӣ, як ҷуфт ойафзоли занона ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаро ба яғмо мебаранд.

Додгоҳи вилояти Хатлон Миҷгона Бегматоваро ба бо ҷурми қатли модаршӯяш ба 18 солу 6 моҳ ва дугонааш Мадина Нурмаҳмадзода барои ҳамдастӣ дар ин ҷинояти вазнин ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД