Arzon march 2024
Мӯи дарозро чӣ гуна нигоҳубин намоям?
739

Мӯи дароз нишонаи ҳусну ҷамол ва саломатии ҳар як занро нишон медиҳад. Ҳама вақт духтаре, ки бо мӯйҳои дароз алвонҷхӯрон аз роҳ мегузарад, на танҳо мардон, балки ҳамагӣ ба ба ӯ чашм медӯзанд.

Мӯи дарози ҳамвор ба ҳама зан писанд аст. Аммо, ин хоҳиш каме гарон ба даст меояд. Агар мӯи кас табиатан сахт бошаду дер - дер дароз шавад, ин нишонаи он аст, ки чунин шахсон табиатан мӯйдароз нестанду барои дароз шуданаш кӯшиш кардан ҳам лозим нест. Аммо, духтароне, ки аз таваллуд мӯи дароз доранд, бояд ин додаи Худоро эҳтиёт намоянд.

Калонсолони мо доим мегӯянд, мӯи сарро хушк шона накун. ИН албатта бе сабаб нест. Ҳангоми хушк шона кардани мӯй он зуд-зуд гиреҳ зада, мешиканад ва дар натиҷа ба мисли мӯи ҷуворимакка мешавад. Барои шона кардани мӯи хушк равғанҳои махсуси хушбӯй ҳастанд, ки аз онҳо истифода намудан лозим аст.

Ҳангоми мӯи сарро шустан, аввал малҳамҳои мулоимкунандаро истифода намуда, мӯйро ҳамвор карда, баъд шона кардан лозим аст. Албатта барои ороиш аз мӯйхушккунак, мӯйтобдиҳак ва дигар асбобҳо истифода мешавад, ки ин тамоман мӯйро хушк ва безеб мекунад. Бинобар ин, кӯшиш кунед аз онҳо камтар истифода баред.

Ин ҷо савол ба миён меояд, ки пас мӯйро бо чӣ хушк кунем? Мӯи сарро наздики ним соат ба сарчоқҳои нарм печонда монем, обашро зуд ҷабида мегирад. Ин ҳам ба саломатӣ зарар надорад ва ҳам мӯйро зебо нигоҳ медорад.

Дор бораи рангубори мӯй, ки зарарашро ҳама медонанд, гуфтан шарту зарур нест. Он моддаи кимиёвӣ аст ва истифодааш зарарнок аст, ҳам ба мӯ ва ҳам ба пусти сари мӯ.

Барои ҷилодор намудор шудани мӯи зан аз витаминҳо низ истифода кардан мувофиқи мақсад аст. Баъзеи ин витаминҳоро ба мӯ мемоланд, баъзеашро истеъмол менамоянд.

Оби хлордор низ ба мӯи сар зарарнок аст. Бинобар ин, онро ё аз филтр гузаронда, мӯи сарро шӯед, ё аз мағоза оби тоза харидорӣ намуда, истифода намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД