Салом! Ман замони духтарак буданам мавзунқомат ва зебо будам, вале баъди ба шавҳар баромада, ҳомиладор шудан якбора фарбеҳ шудам. Гумон доштам, ки пас аз таваллуд кардан вазнамро партофта, мисли пештара боз химчамиён мешавам, аммо соҳиби 3 фарзанд гаштаму то ба ҳол ҳеҷ хароб намешавам. Шояд аз сабаби фарбеҳӣ бошад, ки вақти роҳгардӣ нафасгириам каме душвор мешавад. Як дӯстам маслиҳат дод, ки бештар зардолу хӯрам. Мегӯяд, ки зардолу ба дил фоида дорад ва барои харобшавӣ ёрӣ мерасонад. Оё дар ҳақиқат чунин аст?
ГУЛЧЕҲРА, сокини шаҳри Кӯлоб
Посух:
- Вазни зиёдатӣ ба саломатии инсон зиён дорад, бинобар ин, ҳарчи зудтар аз он халос шудан лозим аст. Барои он ки равғани баданатон тезтар об шавад, ғизоҳои камравған ва сабук истеъмол намуда, бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред. Парҳезшиносон ба шахсони фарбеҳ маслиҳат медиҳанд, ки нон ва маҳсулоти нониро камтар истеъмол намоянд ва агар тавонанд, баъди соатҳои 4-5-и бегоҳ дигар умуман хӯрок нахӯранд. Машғул шудан бо варзиш ба коҳиш ёфтани вазни бадан ёрӣ мерасонад.
Дар масъалаи зардолу бошад, дар ҳақиқат ин меваи хуштамъ ба кори дил ва рагҳои хунгарди он фоида дорад. Мунтазам истеъмол намудани зардолу заҳру таҳшинҳоро аз ҷисм берун мекунад ва ҳуҷайраҳои мағзи сарро бо оксиген таъмин намуда, қобилияти кориро беҳтар месозад. Зардолу ҳамагӣ 44 Ккал ғизонокӣ дошта, табъи инсонро болида месозад. Махсусан дар давраи парҳез кардан зардолу хӯрдан фоиданок аст, чунки ин меваи лазиз мубодилаи моддаҳоро тезонида, ба тезтар кам шудани вазни зиёдатии бадан ёрӣ мерасонад.