Замонҳои пеш бибиам пайваста ба модарам мегуфтанд, ки дар тарбияи духтарон ниҳоят ҳушёр бошад, зеро «духтарбонӣ баробари хукбонӣ аст».
Он замон хурд будаму ба маънии суханони бибиҷонам сарфаҳм намерафтам, имрӯз худам духтари қадрас дорам ва чӣ будани «духтарбонию хукбонӣ»-ро акнун фаҳмидам. Ҳар чизе ки духтарам мехоҳад, барояш фароҳам меорам, то аз дигар ҳамсолонаш кам набошад, вале ба назарам чунин мерасад, ки духтарам нисбати ман ягон зарра меҳру инсоф надорад. Рӯзи дароз дар назди телевизор нишастанашро дида чизе намегуфтам.
Худро тасаллӣ медодам, ки аз кӯчагардӣ дида дар хона нишастанаш беҳтар аст. Тамоми кору бори хонаро худам иҷро карда ӯро чунон танбал кардам, ки дигар дасташро ба оби сард намезанад. Бегоҳ аз кор хаста баргашта духтарамро бо қошу қавоқи овезон мебинаму дилам сиёҳ мешавад.
Боре фарзанд шуда, маро аҳволпурсӣ намекунад, дағалу коргурез аст. Ростӣ, ҳайрон мешавам, ки фардо ба хонадоне келин шуда бо чунин хислаташ чӣ кор мекарда бошад. Вақте ба насиҳаткунӣ дароям, инони гиряро сар дода, худашро дар ташноб маҳкам мекунад ва чанд рӯз бо ман қаҳрӣ мешавад. Чанд маротиба модару хоҳаронам ӯро насиҳат карданӣ шуда дар бало монданд, акнун духтарам онҳоро чашми дидан надорад. Мегӯяд, ки ту маро дар назди модарат ғайбат мекунӣ. Ғайбат кардани ман шарт нест, ҳар нафаре, ки ба хонаи мо меҳмонӣ меояд, бо дидани рафтори духтарам ангушти ҳайрат мегазад. Модарони азиз, ба фикри шумо айб дар худи ман аст?
Қурбонгул