Arzon march 2024
Меҳрнигори Рустам: Хушрӯгии мардро тамошо карда мешинам?
1026

Меҳрнигори Рустам аз зумраи боистеъдодтарин сарояндаҳоест, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар саҳнаи ҳунар қарор дорад ва бо суруду оҳангҳои дилнавози хеш ба дили шунавандагон роҳ ёфтааст. Чанде қабл Меҳрнигор дар барномаи “Тутибоз” аз зиндагиаш дар Амрико ва фаъолияти эҷодиву паҳлуҳои дигари рӯзгораш суҳбат кард, ки фишурдаашро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Меҳрнигор, то ҷое медонем, шумо айни ҳол дар Амрико қарор доред, ҳамин тавр?

-Бале, дар Амрико зиндагӣ дорам.

-Бо чӣ корҳо машғул ҳастед, дар Амрико? Шумо яке аз ҷеҳраҳои шинохтаи тоҷик ҳастед ва аксари ситораҳо кӯшиш мекунанд, ки дар ҳудуди кишвар қарор дошта бошанд. Мабодо амрикоӣ нашуда бошед?

-Ҳар куҷое наравам, тоҷик будани худро фаромӯш намекунам. Аслан ҳеҷ як кишварро ба кишвари дигар қиёс карда намешавад. Ҳар як кишвар урфу одат ва фарҳанги худро дорад. Ҳар нафар зодгоҳи худро дӯст медорад. Ман соли 2019 лотореяи сабз (Грин карта)-и ин кишварро бурд карда будаму ба онҷо зуд-зуд сафар мекунам.

-Ба Амрико бо кӣ меравед, танҳо ё ҳамроҳи наздикон?

-Ростӣ, дур шудан аз оила каме дилтангам мекунад ва бар замми ин, корҳои зиёди ман дар Тоҷикистон аст. Барои истироҳат ба Амрико меоям ва барои анҷоми корҳо бошад, ба кишварам бармегардам.

-Шумо бо вуҷуди ҷавон будан, дар ҷодаи ҳунар хеле сермаҳсулед. Аз чандсолагӣ ба сурудхонӣ оғоз кардаед?

-Ман ҳанӯз панҷсола будам, ки ҳамчун ҳунарманди ҳирфаӣ ба фаъолият оғоз кардам. Худам оҳанг эҷод мекунам. Ҳунарманд будан хеле мушкил аст, барои як клипро омода кардан чӣ қадар заҳмат лозим аст. Модарам мегуфт, ки агар санъаткори асил будан хоҳӣ, бояд асаби мустаҳкам дошта бошӣ. Ба маънии ин суханҳои модарам чандин маротиба рӯ ба рӯ шудам. Мо санъаткорон ҳамеша дар ҳаяҷон ҳастем, ки суруди мо ба тамошобинон писанд меояд не. Бист сол аст, ки рӯи саҳнаи тоҷик ҳастам ва дар жанрҳои гуногун, опера, поп, эстрада суруд эҷод мекунам.

-Заҳмати зиёди шумо на танҳо барои сурудхонӣ сарф мегардад, балки банду басти таронаҳоятон низ ба дӯшатон аст, ҳамин тавр?

-Бале, асбобҳои мусиқиро ҳам менавозам. Ман дар оилаи санъаткор таваллуд шудаам, падару модарам, бародарам ва бобоям санъаткор ҳастанд. Аз хурдӣ ба санъат рӯ овардани ман ҳам бо сабаби дар муҳити санъаткорон ба воя расиданам аст. Пайваста медидам, ки наздиконам ба ҳунар завқи баланд доранд, бобоҳоям санъаткорони шинохта буданд. Рустами Абдураҳим ҳунарманди чирадаст буданд, бобои дигарам Усто Ғулом устои асбобҳои суннатӣ буданд. Падарам низ дуторнавоз ҳастанд. Модарам маро дар ҷодаи ҳунар зиёд дастгирӣ мекунанд. Бародарам низ чеҳраи шинохта дар кишвар ҳастанд.

-Барои занҳо дар Тоҷикистон сароянда шудан чӣ мушкилиҳо дорад, чӣ монеаҳоро пешорӯ мегузорад?

-Давлати мо давлати демократӣ буда, ҳар кас озодона фаъолият мекунад, занҳо ягон маҳдудият надоранд. Мо ҳунармандон низ озод ҳастем, суруд мехонем, ба кишварҳои хориҷ сафар мекунем, дар озмунҳои байналмиллалӣ иштирок мекунем ва соҳиби ҷойҳои намоён ҳам мешавем. Вазъ беҳтарин аст, шукр.

-Агар дар кишвари исломӣ зиндагӣ мекардед, овози шумо маҳкам мебуд, шумо рӯчодарӣ мепӯшидед, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирифт?

-Бисёр эҳсоси бад. Вақте ҷавонон ҳунар доранд ва ҳунари худро наметавонанд ба ҷаҳониён нишон бидиҳанд, ин даҳшат аст. Шукри Худо, ки бо дастгирии Пешвои миллат кишвари мо ором аст ва пешрафта аст, ки ҳамин тарзи ҳукмрониро ба мардуми Афғонистон орзу мекунам. Худо кунад, ки дар ин кишвари ҳамсоя низ ҷавонон озод бошад, тавонанд ҳунари худро нишон диҳанд...

-Пӯшида нест, ки дар Амрико нуфузи тоҷикон нисбат аз афғонҳову эрониҳо поинтар аст. Вақте шумо ба ин кишвар меоед, чӣ гуна барномаҳои ҳунарии худро баргузор мекунед?

-Агар дар қиёс гирем, дар Амрико аз Тоҷикистон дида бароям бештар мушкилӣ пеш меояд. Пешниҳод аз тарафи менеҷерҳои ҷаҳонӣ зиёд буд, ки консертҳои маро дар инҷо барпо кунанд, бо ман ҳамкорӣ намоянд. Вале ман саросема нашудам, зеро мехоҳам консерти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ барпо намоям. Барои ҳамин дар Амрико бо корҳои эҷодӣ кам машғул мешавам. Дар тӯйҳои афғонӣ, узбекҳо ва ҷашнвораву базмҳо иштирок кардам.

-Барои худатон ҳунари санъати мусиқӣ чӣ арзиш дорад? Аз ин ҳисоб мехоҳед, дар тӯйҳо иштирок карда, даромад ба даст биёред ё мехоҳед, ки ҳамчун ҳунарманд сурудҳоеро бихонед, ки худатон хуш доред ё мухлисонатон дӯст медоранд?

-Биёед дар барои зиндагии шахсиатон ҳарф бигӯем. Шумо шавҳар кардед?

-Ростӣ, мувофиқи тартиботу қонуни рӯзноманигорӣ ман ҳақ дорам, ки ба ин саволи шумо ҷавоб нагӯям. Вале агар ишқ биёяд, намепурсад, ки ту духтари кӣ ҳастӣ ё писари кӣ ҳастӣ. Агар номзад пайдо кунам, шуморо дар арӯсии худ даъват мекунам.

-Кӣ ба хостгории шумо омада метавонад? Се хислате, ки ба шумо писанд асту мувофиқи он шавҳари ояндаатонро интихоб мекунед?

-Мехоҳам ҷавон бисёр маданияти баланд ва эҳтироми беандоза нисбати инсоният дошта бошад, босавод бошад, ҳунари маро эҳтиром кунад ва коргар бошад.

-Агар нафаре, ки зиёд шуморо дӯст дорад, зебо бошад, аммо соҳиби пулу ҷои кор набошад, қабулаш мекунед? Яъне, шанси бо шумо издивоҷ карданро дорад?

-О ман чӣ кор мекунам, вақте ӯ кор намекунад, ман хушрӯгии ӯро тамошо карда мешинам? Ман дӯст дорам, ҳамсари ояндаи ман тоҷир бошад, зиндагии маро пеш барад. Мард бояд мустақил бошад, аз уҳдаи зиндагӣ барояд. Хушбахтӣ хомӯширо дӯст медорад ва дӯст намедорам, ки дар бораи зиндагии шахсиам сухан кунам.

-Мо бо ҳунармандони тоҷик Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва модарашон суҳбат доштем. Шумо бо ин ҳунармандон ҳамкорӣ доштед, аз наздик суҳбат кардед?

-Шабнам ба таъриф ниёз надорад, ӯ ҳунарманди нотакрор аст. Вақте ман хурдакак худам, дар саҳна ҳамроҳ мебаромадем, гоҳҳо маро рангу бор мекарданд, гоҳҳои дигар навозиш мекарданд. Ҳамеша эҳтиромашро дидам, меҳрубониашро дидам.

-Вақте шумо хурд будед, фикр мекардед, ки мисли Шабнами Сурайё мешавед...

-Ба касе монанд бошӣ, ҷолиб намешавӣ. Ман эҳтиром дорам, нисбати ҳамаи ҳунармандони тоҷик, дӯсташон медорам. Вале аз хурдӣ дар назди худ мақсад гузошта будам, ки ба касе монанд набошам, сабку услуби худро дошта бошам ва то имрӯз чунин ҳастам ва бо сабки худ суруд мехонам.

-Барои як суҳбати пур аз меҳр бароятон сипос мегӯем!

Омодасоз М. Давлат

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД