Ҳар нафаре, ки муваффақ аст, аз рӯйи принсипи "дар зиндагӣ мубориз будан лозим" амал менамояду барои расидан ба рӯзгори пурнишоту босаодат ҷадал меварзад. Қаҳрамони мо Наврӯз Гулмаҳмадов ҳам аз зумраи чунин нафарон аст. Ӯ новобаста аз маълулияш бо меҳнати ҳалол рӯзияшро ба даст меорад. Вай рӯзона бо скутер ба бозору мағозаҳо нон тақсим мекунаду шабонгоҳ, дар вақтҳои холигӣ ба сумкадӯзӣ (сумкае, ки аз линча дӯхта мешавад, ки барои хариди рӯзгор истифода мебаранд) машғул мешавад. Хабарнигори Oila.tj Абдуғаффор Шодиев бо Наврӯз Гулмаҳмадов перомуни зиндагӣ ва роҳҳои ҳунаромузияш ҳамсуҳбат шуд.
Меҳнати ҳалол - баракати зиндагӣ
Наврӯз Гулмаҳмадов 24 сол дорад. Вай маълули модарзод аст. Табибон бемории ӯро грижаи сутунмуҳра ташхис додаанд. Наврӯз аввалҳо дар хона нишаста, ба тоқидӯзӣ ва дигар корҳои даромаднок машғул мешуд.
"Дар аввал доимо аз тақдир домангир мешудам, ки чаро чунинам, аммо модарам барои мубориза бурдан алайҳи ғаму ташвиш маро ҳамеша омода мекард. Ӯ ба ман чӣ тавр аз зиндагии доштаамон лаззат бурданро омӯзонд. Чун ӯ ҳунарманд буду тоқиҳои тоҷикона медӯхт, ин ҳунарашро ба ман низ омӯхт. Бештари вақти модарам бо ман мегузашт. Ҳар ду якҷоя тоқӣ медӯхтем. Ба хурд буданам нигоҳ накарда, аз нозукиҳои ин ҳунар воқиф будам. Ҳар як гулашро бо шавқ аз модарам меомӯхтам. Бо мурури замон талабот ба ин навъи ҳунар камтар шуд. Дар байн модарам вафот карданд",- маҳзунона ба хотир овард қаҳрамони мо.
Наврӯз аз модараш Матлуба Гулмаҳмадова хондану навиштанро низ омӯхтааст. Модараш аксари вақт бо фоидаи тоқиҳои дӯхташуда ба писараш лавозимоти хониш меовардааст. То писараш дониш омӯзаду дар пайроҳаи зиндагӣ азоб накашад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки пас аз вафоти модараш чанд муддати дигар дар хона нишаста, ба тоза кардани мавиз, шикастани чормағз машғул шудааст. Ҳарчанд бародарон ва падараш барои Наврӯз тамоми шароитро муҳайё сохтаанд ва танқисие надорад, аммо ҳамеша мехоҳад бо меҳнати худ пайсае ба даст орад.
"Модарам доимо таъкид мекарданд, ки меҳнати ҳалол баракати зиндагист. Аз ин рӯ ҳамеша меҳнат мекунам. Инсон новобаста ба он ки дар кадом ҳолат қарор дорад, бояд аз меҳнат кардан ор накунад",- иброз дошт Наврӯз.
Гӯшанишинӣ зеби мардон нест
Наврӯз ҳамарӯза тавассути скутер ба бозору мағозаҳо нони нонпазҳоро тақсим мекунад. Ба ин васила барои худ маблағе ба даст меорад.
"Пас аз он, ки модарам вафот карданд, бештари вақтам дар хона мегузашт. Албатта дар хона нишастан барои ҳама мушкил аст. Баъди гузашти чанд вақт падару бародарам ба ман скутер гирифтанд. Аз ҳамон рӯз инҷониб бо скутер нони нопазҳоро мекашонам. Чун аз онҳо музди меҳнатамро мегирам, хушҳол мешавам, ки нафари мустақил ҳастаму музде ба даст меорам. Аксар вақт дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин дар кӯчаҳо мебинам, ки одамони солим аз пушти шаробнӯшӣ дар гармову сардӣ дар кӯчаҳо хобанд. Ё баъзе ашхос бо фиребгарӣ, фитна ё қаллобӣ ризқу рӯзӣ ба даст меоранд, ки албатта боиси нафрат аст",- мегӯяд қаҳрамони мо.
Наврӯз ба нонпазҳо кумак намуда, ҳақи хизматашро мегирад. Ба қавле ҳамчун таксист хизмат мерасонад. Дар баробари кашонидани нон ӯ ба сумкадӯзӣ машғул мешавад. Ба қаҳрамони мо муштариён барои пур кардани тавозун низ муроҷиат менамоянд.
"Ба воситаи ҳамёни электронии “Душанбе сити” ба муштариён пул мегузаронам. Аксарият барои хариди пакетҳои интернетӣ ба ман муроҷиат менамоянд. Аз ин кор ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 150-200 сомонӣ фоида ба даст меорам. Дар ин муддат ба ҳамин хулоса омадам, ки агар ҳар нафаре камтар заҳмат кашад, тамоми коинот барояш дасти имдод дароз менамоянд”,- таъкид кард ӯ.
Қудрати ирода
Барои мағлуб кардани ҳама гуна мушкилиҳо, албатта иродаи мустаҳкам лозим аст. Наврӯз бо чунин иродаву матонат меҳнат мекунад. Фаслҳои тирамоҳу баҳор барояш кам мушкилӣ оранд ҳам, дар фасли сармо бинобар кушод будани скутер азият мекашад.
"Скутер бароям хизмати калон мекунад, вале дар хунукии сахти зимистон ва гармои шадиди тобистон камтар азоб мекашам. Барои ҳамин дар хунукиҳои сахт ба кор намебароям. Вақте дар хона нишастам, ба сумкадӯзӣ машғул мешавам. Вақте ба кор бароям, худро хушбахту сабук эҳсос менамоям. Айни ҳол, мехоҳам мошинеро барои худ мувофиқ намоям, то дар сардиҳои сахти зимистону гармиҳои тобистон бе мамоният ба кор бароям, аммо, намедонам барои харидани он чанд соли дигар лозим аст...",- мегӯяд Наврӯз.
Қаҳрамони мо гуфтаҳои Ҳакими бузурги Чин Конфутсийро барои худ шиор кардааст. Конфутсий барои нафароне, ки мехоҳанд муваффақ шаванд, тарк кардани шаш хислатро ҳатмӣ шуморидааст: хоболудӣ, танбалӣ, тарс, хашм, бекорӣ ва бетаваҷҷуҳӣ. Наврӯз бо тарк кардани чунин хислатҳо дар пайроҳаи зиндагӣ муваффақ гардидааст.
"Дар зиндагӣ инсон бояд шикастнопазир бошад, ҳамон умреро, ки Худованд барояш додааст, самаранок истифода намояд. Ҳамин шаш хислате, ки Конфутсий тарк кардани онҳоро ҳатмӣ донистааст, барои дар зиндагӣ дилгарм шудан ба ман кумак намуданд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.