Sebiston new 2024 october
Мехоҳед дастурхони идонаатон бомазза бошад?
4455

Ҳамасола дар арафаи соли нав бонувон дар андеша ва такудави чӣ гуна оро додани дастурхони идона меафтанд. Сомонаи Оила. ТЧ тасмим гирифтааст, ки дар ин кори муҳим ба хонумҳо ёрӣ расонад. Дар бахши “Кадбону” мо тарзи тайёр кардани чанд намуд хӯриш ва торту шириниҳои лазизро, ки махсус барои соли нав пешбинӣ шудаанд, манзури шумо мегардонем. Бо Оила. Тч дастурхони идонаи шумо пурфайз ва бомазза хоҳад гашт.

Хӯриши “Арча”

Маҳсулоти лозима:
мурғи дудхўрда (копченый), се тухми обпаз, себ, бодиринги очонидашуда, каме шибит, сурхпиёз, ним қошуқча намак, ду қошуқча шакар, қаймоқ (сметана) ва майонез як қошуқӣ, 100 г ангури бедонак, донаки анор, помидори черри.

Тарзи тайёр кардани хӯриш
Пиёзро хурд реза карда дар каме сиркову намак ва 2 қошуқ об 20 дақиқа тар мекунем. Мурғу тухмҳои пухтаро хурд-хурд реза кардан лозим аст. Бодирингро ҳам хурд реза карда, себро аз пўсту донакаш тоза ва реза кунед. Оби пиёзро полонда, ҳама маҳсулоти резакардаамонро бо қаймоқу майонез омезиш медиҳем. Донаҳои ангурро аз байнашон пора карда дар атрофи хўриш бо анор паи ҳам чидан лозим аст. Метавонед дар нўги «Арча» як дона помидор гузоред.


Торти солинавӣ
Маҳсулоти лозима:
12 тухм
2 стакон шакар
2 стакон орд
ванилин
малҳам:
ширқиём
2 қошуқ какао

Тарзи тањия:
Тухмҳоро то даме лат занед, ки ду баробар зиёд шаванд. Шакарро ба тухмҳо оҳиста-оҳиста пошидан лозим аст. Ордро кам-кам андохта хамири мулоим шӯред. Хамирро ба 2 қисм ҷудо карда, ба як қисмаш 2 қошуқ какао андозед ва ба тоба бо навбат як қошуқӣ хамири сафеду шоколодиро рехтан гиред. Тобаро ба болои лаълии тафдон гузошта, дар оташи паст пазед. Тобаатон хурд бошад, аз 6 тухму 1 стакон шакар ва 1 стакон орд хамир шўред. Малҳамро метавонед бо хости дили худ бо истифода аз равѓани маскаву ширқиём омода намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД