Commerc banl
Мехоҳед дар шаби 8-уми март мисли фаришта зебо бошед?
08.03.2026
Oila.tj
82

Ҳар як зан орзу дорад, ки ҳамеша ҷавон, зебо ва дилкаш бошад. Бонувон махсусан дар рӯзҳои ид ба чеҳра ва рӯю мӯйи худ диққати махсус дода, барои ороиши идона маблағи зиёдеро сарф менамоянд. Агар шумо имконияти ба назди машшота рафтанро надошта бошед, метавонед аз маслиҳатҳои зерин истифода бурда, дар шоми идонаи 8-уми март мисли фаршта зебо гардед.

1. Пеш аз ҳама гуна амалиёти поксозӣ аввал рӯй ва дастонро тоза шустан лозим аст, то ягон инфексия ба пӯсти шумо роҳ наёбад. Дар ёд дошта бошед, ки агар пӯсти рӯятон шамол кашида, дар он доначаҳои сурх пайдо шуда бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ онро тоза кардан мумкин нест.

2. Скраб надошта бошед, метавонед онро дар хона тайёр кунед. Қаҳваи кӯфтаро бо як қошуқ қаймоқ (сметана) омехта созед, беҳтарин скраб мешавад. Онро ба пӯсти рӯятон молида, муддати ду-се дақиқа маҳс кунед, сипас бо оби гарм рӯятонро шӯед.

3. Дар зарфе обро ҷӯшонида, рӯятонро дар бӯғи он нигоҳ доред. Саратонро дар ин вақт бо сачоқ печонед. Барои фоидаи бештар дидан ба оби ҷӯшон гиёҳи бобуна ва пудина илова кардан мумкин аст. Бобуна илтиҳобро табобат мекунаду пудина бар замми бӯйи хушаш бактерияҳоро мекушад. Баъди 15 дақиқа сӯрохиҳои пӯст васеъ мешаванд, он гоҳ метавонед бемалол ифлосиҳои дар пӯст ҷойгирифтаро тоза кунед.

4. Дастатонро бо спирт тоза кунед, пасон докачаеро дар маҳлули сефоизаи перекиси водород тар карда, бо ангушти ишоратӣ сиёҳиҳои хурдакаки пӯстатонро аз ду тараф зер намоед-ифлосӣ бояд аз сӯрохии он барояд. Пӯстро бо нохун зер накунед, вагарна пай мемонад. Кӯшиш намоед, ки ифлосиҳои дар сӯрохиҳои хурди пӯст дармондаро танҳо бо болиштаки ангуштон зер карда бароред. Хубтар мешуд, агар ба ангуштатон дока ё пахта печонед, то ки ба пӯст инфексия ворид нагардад. Агар ифлосии пӯст ба зудӣ набарояд, онро бо тамоми қувват зер накунед. Маълум мешавад, ки он ҳанӯз напухтааст.

5. Ҳангоми поксозии пӯст аз маҳлули перекиси водород истифода бурдан беҳтар аст. Аз спирт истифода набаред, чунки он пӯстро хушк мекунонаду ифлосиҳояш намебароянд.

6. Баъди амалиёти поксозии пӯст ба рӯятон тоники спиртдор ва баъдан малҳами нармкунанда молед.

7.  Воситаҳои дигари тозакунӣ низ вуҷуд доранд. Яке аз ин воситаҳо ниқоб-скраби намакин аст. Онро ҳафтае як бор ё баробари ифлос шудани пӯст истифода бурдан мумкин аст. Аввал гел ё шира (молочко)-и рӯйшӯиро мағзоба карда ба рӯятон молед, сипас миқдори баробари намаки хурд ва содаро омезиш дода ба рӯятон мемолед. Ҳангоми маҳскунон молидани ин скраб ба ҷойҳои сиёҳшудаи пӯст диққати бештар диҳед. Ниқоби мазкурро дар рӯй ҳамагӣ 5-10 дақиқа нигоҳ доред, кофист. Дар ин вақт халазании пӯстро эҳсос мекунед. Натарсед, ин таъсири сода ба пӯст мебошад. 10 дақиқа пас рӯятонро бо оби гарм шӯста, тоник молед.

8. Пас аз анҷом додани ин амалиётҳо метавонед ба ороиши рӯятон сар кунед, вале кӯшиш кунед, ки аз рангҳои сабуки рангашон ба пӯсти рӯятон наздик  истифода баред, то ҳуснатон табиӣ намояд.

9. Ба миҷгонҳоятон ҳатман туш молед, зеро он чашмони занро калонтар нишон дода, ба шумо ҷозибаи махсус мебахшанд.

10. Дар шаби ид либосеро ба бар намоед, ки ба марди хонадонатон писанд аст. Ҷавоҳирот бояд бо либоси зан мувофиқ бошад, агар шумо либоси миллӣ мепӯшида бошед, ҳалқаю ангуштаринҳои калону зебои нақшу нигоҳи миллӣ дошта ба дасту гӯшҳоятон мезебад, вале бо либоси аврупоӣ ороишоти маҳини андозаашон хурд андохтан беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД