Санаи 15-январ бори аввал дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи клуби “МegaCode” баргузор гашт, ки дар он таҳлилгарон ва намояндагони соҳаи технологияҳои рақамӣ ширкат варзиданд.
Намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои навини кишвар, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, намояндагони соҳаи савдои Русия дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон, филиалҳои МИСиС ва МГУ-и Русия ба номи Ломоносов, ҳамчунин намояндагони ширкатҳои бонуфузи «FiftyFiveGroup», «ИНФАПРИМ», «SoftlineTajikistan», «Бима», «Хуавей Технологияҳои Тоҷикистон, ЗАО МДО «Хумо» дар ин ҷаласа ширкат варзида, дар боби пешрафти соҳаи технологияҳои рақамӣ дар кишвар изҳори андеша намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ қайд карданд, ки ҷомеаи муосирро бидуни технологияҳои навин тасавввур кардан ғайри имкон аст ва махсусан технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши ҳалкунандаро мебозад. Аз ҳамин хотир тайёр кардани муттахассисони ҷавон дар ин самт вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.
«Муттаҳид кардани қувваҳо барои бунёди як иқтисодиёти пурқуввати рақамӣ дар Тоҷикистон ҳадафи муқаддасе мебошад, ки имрӯз тамоми муттахассисони соҳаи IT онро ҷонибдорӣ менамоянд. Минбаъд мо зуд-зуд ҷамъ шуда, идеяҳои навро дар ин соҳа мавриди баҳс ва омӯзиш қарор медиҳем.
Ин идеяҳо танҳо ба манфиати сокинони Тоҷикистон равона карда мешаванд”-гуфт асосгузори клуби «MegaCode», директор оид ба хизматрасониҳои инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионии ширкати «МегаФон Тоҷикистон Олег КАЙРИШ.
Ба андешаи иштирокчиёни чорабинӣ гузаштан ба технологияҳои рақамӣ ба бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири муфид расонида, ба рушди иқтисодиёти кишвар ва афзоиши бомайлони даромади буҷҷа ёрӣ мерасонад. Ҳамкорӣ дар доираи клуби «MegaCode» бошад, барои бо суръат пеш рафтани технологияҳои рақамӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон дар академияи Мегафон “Хакатон” баргузор шуд, ки дар он ҷавонони аз 12 то 17 сола иштирнок намуда, ҳунару маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ нишон доданд. Ин бачаҳо бо унвони “Чат-бот” барномае сохтаанд, ки метавонад бо инсон бе ягон душворӣ гуфтугӯ кунад.
Қобили зикр аст, ки барои ширкат дар ин барнома 8 команда, аз ҷумла ҷавонон аз Маркази барномасозии «IT-RUN» ва Мактаби байналмиллалии барномасозию математика «Алгоритмика» дархост пешниҳод карда буданд, бар замми ин, дар рафти чорабинӣ қисме аз муттахассисони ҷавон аз Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии Вилояти Суғд ба таври онлайн ба чорабинӣ ҳамроҳ шуданд.
Вазифаи асосии ин ҷавонон сароғоз дар алоҳидагӣ ва баъдан дастаҷамъона сохтани чат-боте буд, ки ҳазлу шӯхӣ кунад, ба саволҳо ҷавоб диҳад, дар маҷмӯъ тавонад бе ягон мушкилӣ бо инсон гуфтугӯ намояд, то истифодабарандагон бо ин “дӯсти доною зираки техникӣ” сӯҳбати ҷолиб карда тавонанд.
Байни иштирокчиёни ҷавони “Хакатон” командаҳои «КиберКодеры» ва “Кодерам” (ҳарду команда аз мактаби «Алгоритмика») зинаҳои аввалро соҳиб шуданд, зинаи сеюм бошад, насиби комадаи «Кумир» аз маркази барномасозии «IT-RUN» гашт.
Дар гурӯҳи хурдсолон низ шогирдони «Алгоритмика» ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуда, ҷойи сеюм насиби комадаи «Хакеры» ва «Royals» гардид. Ҷоизаи биринҷӣ насиби командаи «Google» аз «IT-RUN» гашт. Аҷибаш он аст, ки маҳз командаи «Хакерҳо» тавонистанд чат-боте бисозанд, ки фонди луғавиаш нисбат ба дигар чат-ботҳо хеле бой буд.