Шармандагӣ!
Дигар ҷавонзан метарсид дар хонаи худаш истад, дар ин миён домоди хурдияш, ки духтури дандон аст, ба Олмон барои таҷрибаомӯзӣ рафту ӯ барои зиндагӣ ба хонаи духтараш рафт.
Дар ду се-моҳ тарсу ҳаросу ёдҳои парешонаш кам-кам таркаш карданд, корро бас карда, бо ёрии писараш дар як бинои нӯҳошёна дар ошёнаи аввал якхонагие харида, он ҷо маркази маҳси кӯдакон кушод. Акнун ишқи нобаробарашро нав чун хоби кобус фаромӯш карда буд, ки…
Подоши бадӣ
Амина ҳар субҳ намозашро хонда, роёнаашро кушода, аз сайтҳои интернетӣ як дидан карда, авзои замонро мефаҳмиду бо кампири модарашу духтарҳояш гап зада, баъд ба кор оғоз мекард. Бо писараш нисфирӯзӣ гап мезад, зеро вақт фарқ мекард. Як субҳи зебои баҳорӣ, ки рӯзи истироҳат буд, намозашро хонда, боз ба рахти хобаш баргашт ва аз рӯйи одат роёнаашро кушод ва он чиро дид, шокияш кард…
«Духтури ҷавону соҳибном, ҷавонмарди накӯдилу донишманд Шуҷоъ Ҷаъфар дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Мошини ӯ ба дарё рафта, ҷасадашро баъди як рӯз пайдо карда, дар зодгоҳаш ба хок супориданд»… Амина ба сурати Шуҷоъ нигариста, бо як бефарқӣ гуфт:
-Ҷавонмарди накӯдил… ҳмм ёфтед ҷавонмардатона…,- ва сар шуданд хобҳои даҳшатноки ӯ.
Амина баъди ба ноҳия расидан кофта-кофта, хонаи падарии Шуҷоъро ёфт ва худро ҳамкори Шуҷоъ муаррифӣ кард. Модараш зор-зор мегирист, онҳо хеле дарди дил карданду бечора модар гуфт, ки “занаш ҳам ҳамин ҷо, хонаи падараш рафтагӣ, одам фиристонидам, ҳозир меояд”.
Чанд вақт пас як зани қоқи сиёҳи дароз вориди хона шуду гардани Амина гирифта нолид, “оҳ бовафоям, ёри яктоям, марди мардонам, маро монда куҷо рафтӣ?!”
Баъди як соати омаданаш Амина дурӯғ гуфт, ки Шуҷоъ додархондам буду мехоҳам сари қабраш равам ва як мӯйсафедро ҳамроҳаш гирифта, ба қабристон рафтанд. Ҳарчанд модари Шуҷоъ гуфт, ки дар мо сари қабр рафтани зан айб аст, аммо Амина рафт, мӯйсафед як порча Қуръон хонду Амина бошад, дар дил гуфт, “бахшидамат ҳазор бор, илтимос, дигар ба хобам наё…”
Амина ҳангоми хайрухуш ба дасти зани Шуҷоъ пул монд ва чашмаш ба ангуштарияш афтид, ангуштарие, ки шавҳари раҳматияш дар таваллуд кардани писари якумаш гирифта буд. Дилаш гум зад, вале худро ба даст гирифта, хайрухуш карда, ба роҳ баромад…
Аз қудратат гардам Худо…
Амина дигар хоб намедид, аз байн шаш-ҳафт моҳ гузашту як рӯзи барфбоди зимистон дари утоқи корияшро ҷавонзане куфт. Ӯ кӯдаки беморашро барои маҳс оварда буд ва нарху навои маҳсро пурсиду бо чашмони пуроб гуфт:
-Апаҷон, маро шавҳарам партофтааст, падар надорам, дар як хонаи танг бо модараму се фарзанди падарам зиндагӣ дорам. Ба ҷойи пул ҳамин гӯшвораҳоро намегиред?- Амина гӯшвораҳои «тут»-ашро, ки раҳматии падараш дар як устои ургутӣ барои тӯяш сохта буд, шинохт. Боре як сангаки гӯшвораш гум шуд ва заргар санги сафед наёфта, гулобиранг часпонда буд. Як санги гулобиранг дар як гӯшвор…
Амина худро ба даст гирифта пурсид, ки гӯшвораҳоро дар куҷо сохтаӣ?
-Намедонам апаҷон, падари ман ҳам мисли шумо духтур буданд, номашон Шуҷоъ Ҷаъфар аст, мумкин шиносед. Ӯ барои ҳамаи мо афзори тилло харида буданд, имрӯз маҷбурем, ки фурӯшем.
-Ҳа, ман падаратро мешиносам, хонаатон фотеҳахонӣ ҳам рафта будам,- гуфт Амина ва илова кард, -духтарчаатро бе пул маҳс мекунам, аммо агар тиллоҳоятонро фурӯхтанӣ шудед, ман ҳамаашро мехарам. Аввал назди заргар рафта, нарх кунеду баъд биёред.
Аминаи аз қудрати Худованд ҳайрон, нисфи зиёди тилловориҳояшро аз зани Шуҷоъ харид.
Инак, се сол боз Амина шаҳрванди Русия асту он ҷо бо оилаи писараш зиндагӣ мекунад. Умраш аз панҷоҳ гузаштаасту боқии онро ба тоату ибодат гузарониданӣ аст. Хонаи Худоро низ зиёрат кард. Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ…
Ҳилола