Arzon march 2024
МАВЛОНА НАҶМИДДИНОВА ХОНАИ КИРО ВАЙРОН КАРД?
6962

Аслан, вақте санъаткореро ханда бар лаб ва шоду масрур дар саҳна мебинем, фикр мекунем, ки ҳунармандон ҳеҷ дарду ғам надоранд ва зиндагии аз ҳама беҳтар танҳо насиби онҳост, аммо... Ин навбат зиндагии пур аз дарду ҳасрати Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷикро манзури шумо мегардонем.

Ишқи марди низомӣ

Пеш аз шавҳарам дигар мардро дӯст медоштам ва ӯ ҳам маро дӯст медошт. Рагу пайванди модарам аз ҳамон тараф, ки буд, ман келини он хонадон нашудам. Фикр мекунам, бо ҳам нашудани мо кори тақдир буд. Баъдан бо Азиз, яъне бо шавҳарам шинос шудем. Он вақт оиладор буданашро намедонистам. Азиз низомӣ буд. Он марде, ки дар ибтидо дӯсташ медоштам, ӯ ҳам низомӣ буд. Шояд ҳамин низомӣ будани Азиз сабаб шуд, ки ман меҳру муҳаббати собиқ дӯстдоштаамро дар ӯ дидам. Баъдан Азиз гуфт, ки оиладор аст ва як писарча дорад. Бо вуҷуди ин, мехостам, ки ӯ аз ман бошад. Ошиқ шуда будам. Ошиқ ба зебоияш, ба қомати баландаш, ба ҳарф заданҳояш. Ошиқ ба он будам, ки тӯли ду-се моҳи шиносоиямон ҳатто дасти маро бо нияти бад нақапида буд. Он қадар мехостам, ки маро бибӯсад, аммо ин корро намекард. Мегуфт, ки “Вақте оиладор шудем, барои ҳамааш вақт ҷудо мекунам”.

“Зани дуюм намешавам...”

Баъд як рӯз бо Ситора, ҳамсари Азиз вохӯрдем. Аввалан Худованд маро бубахшад, баъдан Ситора, чун ман зиндагии ӯро талх кардам. Ман аз Ситора узр мехоҳам. Вақте Ситора фаҳмид, ки ман бо Азиз мегардам, гуфт, ки “Мавлона, биёед, коре кунем, ки Азиз ҳам аз ман ҷудо нашаваду ҳам бо шумо оиладор шавад”. Аммо ман рад кардам, чун зани дуюм шудан намехостам. Ҳамин гапи ман сабаб шуду Ситора чизе нагуфта, бидуни дашному хархаша рафт. Он замон фикр мекардам, ки Худованд ин марду ин зиндагиро танҳо ба ман додааст. Вақте бузургтар шудам, дарк кардам, ки иштибоҳи бузурге кардаам. Бо зиндагии нафареро вайрон кардан, ҳеҷ вақт зиндагии каси дигар обод намешудааст. Азиз аз Ситора ҷудо шуд. Он ҷо ҳам гапи ман буд, ки гуфтам, “Занатро як талоқ нею се талоқ медиҳӣ”. Баъдан зиндагии мо шурӯъ шуд. Зиндагие, ки бе ҳамдигар ҳатто чой наменӯшидем. Иҷоранишин будам, аммо ин дар назарам наменамуд, чун Азиз бароям ҳама корро мекард. Ӯ қиблагоҳам буд.

Тавлиди фарзандон

Баъдан Марҷона, духтари нахустинамон ба дунё омад. Азиз ӯро беҳад дӯст медошт. Ёдам ҳаст, ки Марҷонаро ба боғча мебурдему боз Азиз аз кораш гурехта, ба хабаргирии Марҷона мерафт, то мураббияҳо озораш надиҳанд. Баъди ин Азизро ба Академияи ҳарбии Маскав барои хондан фиристоданд. Пас аз чанд моҳ ману Марҷона низ ҳуҷҷатҳоямонро тахт карда, ба назди Азиз рафтем. Соли 1999 рафтему соли 2002 духтари дуюмамон таваллуд шуд. Номи ӯро низ Азиз гузошт. Ба хотири Малика Саидова, ки сурудҳояшро зиёд гӯш мекард, ба духтарамон Малика ном ниҳод. Хондани Азиз ба итмом расиду мо баргаштем. Пас аз бозгашт духтари сеюмамон таваллуд шуду 29-уми декабри соли 2003 Азиз чиптаи парвоз дошт. Бояд ба муҳоҷират мерафт. Ба хотири меҳру муҳаббате, ки ба Азиз доштам, духтари сеюмамонро Азиза ном гузоштам, то набудани падарашро ҳис накунам.

Дурӯғ ва хиёнат

Иҷоранишин будем, хона надоштем. Азиз академияро хатм карда омад, кори хуб ваъда карданд, аммо на кор доданду на хона. Ба ҳамин хотир, ба муҳоҷират рафта, хона харидан хост, чун фарзандон пайи ҳам калон мешуданд. Хулоса, ба Русия рафт ва он ҷо бо як зани аз худаш тахминан 9-10 сол калон шинос шуд. Ба ман занг зада гуфт, ки дар таҳхона хоб асту шароити вазнин дорад ва агар бо он зани рус никоҳи сохта кунад, барояш хобгоҳ медиҳанду кораш хубтар мешавад. Ба хотири он ки Азиз азоб накашад, розӣ шудам. Аз ин ҷо гувоҳнома гирифта фиристодам, то бо он зани рус никоҳи сохта карда, азоб накашад. Дертар дарк кардам, ки вақте ба болои зану фарзандаш по гузошта, бо ман оиладор шуд, чаро ба болои ману фарзандонам по гузошта, бо нафари дигар хонадор нашавад? Онҳо тӯй карданд, расман зану шавҳар ҳам шуданд, ки ин гапҳоро ман дертар фаҳмидам. Қабл аз тӯяшон Ирина, ҳамсари руси Азиз ҳомиладор буд.

Қасди худкушӣ

Шабе хоб дидам, ки Азиз ба як мағоза даромада, корд мехарад. Мо тоҷикон медонем, ки гӯшвор хоб бинӣ, духтару кордро хоб бинӣ, писар таваллуд мешавад. Ҳамон ҷо аз пеши худам ба Лола, духтари тағои Азиз гуфтам, ки “Никоҳи онҳо сохта набуда, балки расман хонадор шудаанд ва дар интизори фарзанд ҳам ҳастанд”. Баъдан Лола иқрор шуд, ки дар ҳақиқат чунин аст. Аммо Азиз аз Лола хафа шудааст, ки гӯё ин ҳама гапро ӯ ба ман гуфта бошад. Рақамҳои хонагии Азизро аз Лола гирифта, занг задам ва худамро хоҳараш муаррифӣ кардам. Ҳамсараш гӯширо ба ӯ дод ва Мавлонае, ки дар ҳаёташ ба Азиз аз бинӣ боло гап назада буд, тамоми дашномҳои рӯйи оламро ба сараш рехт. Рӯзи дигар боз занг задам ва гуфтам, ки дигар зиндагии ман бо ӯ ҳаром аст ва гӯширо гузоштам. Ҳамон вақт соат ба вақти худамон 12-и шаб буд. Кӯдакон дар хоби ноз. Ҳамон лаҳза коре кардан мехостам, ки дар ин дунё набошам. Ба сарам фикри худкушӣ омад, аммо бо кадом роҳ, намедонистам. Ба балкон рафтам ва худамро аз панҷум ошёна партофтанӣ будам.

Тарс аз бевагӣ

Ба болои кат баромадаму қоматамро рост кардам ва бояд худамро мепартофтам, ки як чиз омада, ба сарам зад. Гирифта мебинам, таҳпӯши духтарчаи калониам будааст. Дар балкон барои либосхушккунӣ банд кашида будем ва намедонам чаро он таҳпӯш ба сари ман зад, зеро қоматамро то ҳадди имкон рост накарда будам. Ҳамон таҳпӯш маро ба худ овард. Ба гирду атрофам назар кардам, ки дар куҷоям. Аз балкон рост ба хонаи хоб рафтам. Азиза дар гаҳвора, Марҷонаву Малика якдигарашонро оғӯш карда мехобиданд. Ҳамон таҳпӯши таърихӣ то ҳол ҳаст. Баъдан зани руси Азиз писар таваллуд кард, ба ӯ Артём ном гузоштанд. Шавҳарам баъди таваллуди Азиза якчанд муддат ба мо кӯмак кард ва бо ҳамин дигар ёриеро аз ӯ надидем. Як бор вақте бо сафари ҳунарӣ ба Маскав рафтем, Азизро дидам. Гуфтам, ки ба ҳамаи корҳои кардааш розиям, фақат дар як сол як маротиба ба хона ояд, то ҳамсояҳо нагӯянд, ки Мавлона бева монд. Аз ҳамин чиз метарсидам, вале ҳоло парвои касерову чизеро надорам.

Ишқи мурда ва хонаи вайроншуда

Як сол дар рӯзи зодрӯзам дар Маскав додарам Зайниддин ба ман 50 доллар дод. Ман он пулро гирифта, ба бозор рафтам ва барои худам сару либос харидам. Ба хона омада, дурӯғ гуфтам, ки ин либосҳоро Азиз харида, маро бо зодрӯзам табрик кард. Худо асло нишон надиҳад, ҳатто боре ба Азиз дурӯғ гуфтам, ки бемории саратон дорам. Ин дурӯғ ба он хотир буд, ки дилаш бисӯзад ва як маротиба ба наздамон ояд. Дигар на занг зад ва на пурсид, ки бемор гуфта будиву чӣ ҳол дорӣ?! Ситора як фарзанд дошт ва ман як нафарро бе падар кардам. Худованд баъди 8 сол се фарзанди маро бе падар кард. Ишқ мурд. Хонаи нафареро вайрон кардам, хонаи худам вайрон шуд. Ҳатто намехоҳам маъшуқаи касе бошам ва то имрӯз ягон мард ҳам надорам.

Узри баъд аз гуноҳ

Ситораро дигар надидам. Хуб мешуд, ки аз наздик ӯро дида, узрхоҳӣ мекардам. Он рӯзҳои талхе, ки ману Ситора дидем, Худо кунад, ки фарзандонамон набинанд. Медонам, ки Ситора соҳиби келину набера ва зиндагии ором аст. Худованд тамоми хушиҳои зиндагиро насибаш гардонад. Аз оне ки ин суханҳоро бе парда гуфтам, шарм намедорам. Аз он шарм медорам, ки ин корҳоро кардам.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД