Arzon march 2024
Маск ба ваъдааш вафо кард!
602

Шабакаи иҷтимоии Твиттер логотипашро иваз кард. Қаблан логотипи ин шабака парандаи кабуд буд, вале ҷои паррандаи кабудро саги зоти Шиба Ину гирифт.

Илон Маск ҳанӯз пеш аз харидани ин шабакаи иҷтимоӣ шӯхиомез гуфта буд, ки агар Твиттерро соҳиб шавад логотипи онро иваз мекунад. Соҳибкор ба ваъдааш вафо кард.

Разми логотипи нави Твиттер саге аз зоти мемҳо бо номи Doge аст, ки рамзи cryptocurrency Dogecoin мебошад. Миллиардер Илон Маск дар саҳифаи Twitter-и худ аз тағйири логотип хабар дода, скриншоти мукотибаи деринаашро бо яке аз корбарон нашр кардааст. Дар ин скриншот Маск аз муштариён мепурсад, ки оё платформаи нав лозим аст?

Нафаре бо лақаби "Раис" бо чунин посух мегӯяд: "Танҳо Твиттер харед ва логотипи паррандаро ба Dog иваз кунед".
Маълум нест, ки логотипи ин шабакаи иҷтимоӣ муваққатан тағйир ёфтааст ё рамзи Dogecoin акнун ба таври доимӣ боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД