Sebiston new 2024 october
МАЪШУҚАҚУДО(ШАКЛИ ПУРРААШ)
29.07.2021
ДИЛОШӮБ
5442

 

Хонандагони азиз, шояд шумо ибораи қарчиқудоро шунида бошед, аммо маъшуқақудо ибораи навест, ки мешунавед? Бале, ин ибора ва хешигарӣ танҳо хоси хонаводаи мо буд.

Чанд рӯз пеш аз вафоти падару модарам як сол сипарӣ шуд ва ман ба хотири дуову фотеҳа ба хонаи бародари яккаву ягонаам рафтам. Янгаам маро хеле сард пешвоз гирифт. Ман аз ӯ калиди хонаи волидонамро пурсидам, ки дар ҳамсоягии эшон мезистанд. ӯ дилу бедилон калидро дароз карду ман онро гирифта, гирёну нолон ба хонаи холии волидайнам рафтам. Аз хонаи ороставу пероставу хуштаъмир бӯйи ширину бомаззаи очаҷонам намеомад. Рӯи дивани меҳмонхона амонат нишастаму то холӣ шудани дили шикастаам гиристам, ба ёди очаҷони сӯхтагии аз олам чизе надидаам, ба ёди падарам, ки модарамро бисёр азоб медод….

Ҳамон ҷо азм кардам, ки қиссаи сарнавишти падару модарамро менависам, агар он ба касе дарси ибрат нашавад ҳам, дили худам холӣ мешавад…

   Оилаи намунавӣ

Оилаи мо дар маҳалла байни хешу табор ва атрофиён оилаи намунавӣ ҳисоб меёфт. Падарам ширкати тиҷоратӣ доштанду модарам духтур буданд. Падару модарам хешу таборони дур буданду бо ризоияти волидайн ба ҳам хонадор мешаванд, аввалҳо дар ноҳия зиндагӣ мекарданд, баъдтар бо тақозои кори падарам ба пойтахт кӯч бастанд. Бародараму ман дар ноҳия таваллуд шуда, дар шаҳр ба воя расидем. Ман аз пайи касби модар рафта, духтури амрози занона шудаму бародарам бошад, ҳамроҳи падарам ба тиҷорат шуғл дошт. Дар тарбияи мо модарам хеле заҳмат кашиданд, зеро падарам мудом дар сафар буданду шабҳо хеле дер ба хона меомаданд. Зиндагиии шоистае доштем. Ҳарчанд падарам пулёбу сарватманд бошад ҳам, модарам баробари ӯ заҳмат мекашид. Ёд надорам, ки ӯ аз падарам пул пурсида бошад, мисли дигар занони мардони сарватманд худашро нишон дода, зебо пӯшаду каттагӣ кунад. Зани қоматбаланду зебое буд очаҷонам, духтури хуб низ, аммо ҳамеша мегирист. Аввалҳо хурд будаму сабаби ашкрезиҳои модарамро намефаҳмидам, баъдҳо ба ҳама чиз сарфаҳм рафтам. Модарамро нописандиву маъшуқабозиҳои падарам азоб медод, шахсоне буданд, ки ҳама гапро ба ӯ мерасониданду дилашро хун мекарданд. ӯ ёрои ба рӯйи падарам гашта нигоҳ кардан надошт, зеро “ту аз чӣ кам” гӯён, ӯро зери мушту лагат мекашид. Боз ғурури зотияш ҳам намегузошт то аз шавҳари номеҳрубонаш муҳаббат гадоӣ кунад. Маънии зиндагии ӯ ману бародарам, кору беморонаш ва меҳмонони бешумору кору бори хонаи сермеҳмонаш буданд. Солҳо гузаштанд, ману бародарам ба воя расидем, вақти зангирии бародарам низ фаро расид. Модарам барвақт духтаракеро зери чашм кардаву ба бародарам низ нишон дода буд, вале…

  Маъшуқақудо

Падарам гуфт, ки худаш келини хубу босаводу нозанине ёфтаасту модари бечораам дигар ҳарфе нагуфт. Келини ёфтаи модарам як хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ, духтараки боодобу соҳибҷамоле буд аз оилаи фарҳангӣ, аммо дар хонаи мо ҳарфи падарам қонун буду дигар ҳоҷати баҳс набуд. Модари бечораам умед дошт, ки падарам духтари ягон рафиқаш ё хешу таборонро хуш кардааст, аммо баъди хостгориву бурдани сару по аз як сӯҳбати модарам бо холаи калониям фаҳмидам, ки Фаттона духтари маъшуқаи падарам будааст. Модарам, ки ҳеҷ гоҳ сири хонаводаашро ба касе намегуфт, ба холаам дарди дил карда, зор-зор гирист. Он замон алаккай бибию бобоям дар қайди ҳаёт набуданду аз чор холаву ду тағоям, ҳамин холаи калониям зуд-зуд аз ҳоли мо хабар мегирифт. Дигарон аз қошу қавоқи падарам ҳазар карда намеомаданд, аммаву амакҳоям меҳмони ҳамешагии хонадонамон буданд. Модари янгаам зани қоматбаланди супер-замонавӣ, умуман ба аҳли хонадони мо рӯйи хуш намедоданд. Акаамро бачаҷон гуфта, эрка мекарданду бо нозу карашма бо сарҷунбонӣ суханҳои падарамро об медоданду халос. Падарам тӯйи бошукӯҳе ороста, келини хушкардаашро ба хона оварда бошад ҳам, дар симои модарам ягон осори хурсандӣ дида намешуд. Пас аз як моҳи тӯйи акаам маро ба шавҳар доданд, ман аз пушти зиндагии худ аз ҳоли модарам бехабар мондам…

  Эрка-келин

Фаттонаро модараш танҳо ба воя расонида буд, ин эркадухтар аз ӯҳдаи иҷрои ягон кор намебаромад. Донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм карда бошад ҳам, дар ҳеҷ куҷо кор намекарду саводи казоӣ ҳам надошт. Агар духтарон шавҳар карда, тамоми нозу нузу эркагияшонро дар хонаи падарашон монда биёянд, Фаттона дар хонаи мо худро роҳаттар аз хонаи модараш эҳсос мекард.

Инро ман ҳар дафъаи ба хонаи волидонам рафтан ба чашмони худам медидам, ман ҳам келини хонадони сарватманде ҳастаму мо ҳатто хизматгор дорем. Аммо баробари кушода шудани чашми рӯз аз хоб хеста, баробари хизматгор бо як пой рост будам. Шавҳари ман ҳам писари ягонаи оилаашон ҳасту ду апа дорад, хусуру хушдомани ман ҳам мудом таъкидам мекунанд, ки баробари хизматгор давидани ту шарт нест, ӯ маош мегирад. Аммо ман намегузорам, ки хизматгор хӯрок пазад, наҳорӣ тайёр кунад, либосҳои шавҳараму манро шӯста дарзмол кунад, хонаи хоби маро тамиз кунад… Ин ҳамаро худам мекунам. Ҳар гоҳе апаҳои шавҳарам ба меҳмонӣ биёянд, ҷойи нишастанашонро намеёбам, кӯшиш мекунам шириниву хӯришҳоро бо дастони худам тайёр кунам…

Фаттонаи мо то соати даҳ, ёздаҳ хоб меравад, модарам мисли пешин худаш наҳорӣ тайёр мекунад, бегоҳ ғизои шом, хӯроки нисфирӯзиро ҳама дар кор мехӯранд, барои эрка-келин бошад, аз тарабхона хӯрок меоварданд. Ҳамагӣ як бор модарам ба ӯ эрод гирифта, аз падарам шатта хӯрду дигар ба кори келин кор нагирифт ва тамоми пасандози доштаашро ҷамъ карда, дар бинои истиқоматии рӯ ба рӯ як хонаи сеҳуҷрагӣ харид. Падарам инро дида, хонаро хуб таъмир намуду ҳамроҳи модарам ба он ҷо кӯчиданд, дигар касе пишаки Фаттонаро пишт намегуфт. Пайи ҳам як писару як духтар таваллуд карду бародарам барояш ёрдамчӣ гирифт. Модараш мудом дар хонаи ӯ буд, бемеҳрии падарам кофӣ набуд, ки акнун бародарам ҳам аз модарам дур шуд…

  Ормонӣ

Бечора модари хоксори ман ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, набераҳояшро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту ҳар гаҳе дасташ холӣ шавад, онҳоро ба хонаи худаш оварда, ҳамроҳашон бозӣ мекард. Ё ману фарзандонамро низ гирифта, ба ягон макони дилхушӣ мерафтем. Медонистам, ки дилаш хун аст, аммо боре лаб ба шикоят боз намекард. Маро ҳамеша насиҳат мекард, ки бо янгаат меҳрубон бош, фардо ману падарат нестем, риштаи байни туву бародарат янгаат аст. Ман бо Фаттона хуб гап мезадам, бо бародарам низ, аммо ҳеҷ гоҳ дар нигоҳашон лутфу марҳамате нисбати худ надидам. Падарам мисли пешин як пояш дар хона буду як пояш дар хориҷа, мо мешунидем, ки мегуфтанд модари Фаттонаро ба никоҳаш даровардаасту боз бо хонумҳои ҷавон ишқварзӣ мекунад. Соли гузашта падарам ба бемории коронавирус гирифтор шуданду дар беморхона бистарӣ, модарам худаш ба нигоҳубини ӯ пардохта, бемор шуд. Ин беморӣ дар як рӯз онҳоро аз мо рабурд, чӣ рӯзи сиёҳе буд, Худованд он рӯзро ба сари ягон бандааш наорад. Модарам бар ивази ҳама хиёнату ҷабру ҷафои падарам аз пеши худ ҳамроҳи ӯ ба беморхона рафтанд. Ва ҳамроҳи ӯ ин оламро падруд гуфтанд….

Дилам ба ёди азизонам гум мезанад, падарамро низ дӯст медоштаму барояш месӯзам, аммо сӯзишам барои модари ормониям ҷонгудоз аст. Охир, ӯ медонист, ки ин бемории гузаранда асту ба ҷонаш хатар эҷод кард. Зеро ӯ бе падарам зиста наметавонист…

Мақсади нома навиштанам ба ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» он аст, ки мардон ба қадри занони поку никоҳияшон бирасанд. Лутфу меҳрубониро аз онҳо дареғ надоранд, зеро дар пастию баландии зиндагӣ онҳо дар барашон рост меистанд, ҳатто марг таҳдид кунад ҳам. Ман инро аз таҷрибаи талхи зиндагии оилаи худамон мегӯям. Боқӣ, дар паноҳи Худои бузург бошед!

 Гулнисо

                                                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД