...Падарам гуфт, ки худаш келини хубу босаводу нозанине ёфтаасту модари бечораам дигар ҳарфе нагуфт.
Келини ёфтаи модарам як хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ, духтараки боодобу соҳибҷамоле буд аз оилаи фарҳангӣ, аммо дар хонаи мо ҳарфи падарам қонун буду дигар ҳоҷати баҳс набуд. Модари бечораам умед дошт, ки падарам духтари ягон рафиқаш ё хешу таборонро хуш кардааст, аммо баъди хостгориву бурдани сару по аз як сӯҳбати модарам бо холаи калониям фаҳмидам, ки Фаттона духтари маъшуқаи падарам будааст. Модарам, ки ҳеҷ гоҳ сирри хонаводаашро ба касе намегуфт, ба холаам дарди дил карда, зор-зор гирист...
Беҳрӯз Зеваров Тоҷикистонро тарк кард?
...Дар гузориши дигари овозхон дида мешавад, ки ӯ ба шаҳри Челябинск, ба хабаргирии дӯстонаш рафтааст ва эҳтимол, кӯшиш мекунад, ки ба кишвари бегона одат кунад. Корбарон шарҳҳои бешуморе навишта, сабаби яку якбора Тоҷикистонро тарк кардани овозхон, муваққатӣ ё доимӣ мондани ӯ ва дар оянда ба чӣ корҳо машғул шуданашро пурсидаанд, аммо Зеваров то кунун посух надодааст ва маълум мешавад, ки дар ин хусус суҳбат кардан намехоҳад. Беҳрӯз Зеваров яке аз продюсерҳои пешқадам мебошад, ки бо Нигина Амонқулова, Фирӯза Ҳафизова ва Зулайхо Маҳмадшоева барин чеҳраҳои шинохта ҳамкорӣ кардааст...
Шӯямро гирифту пушаймон шуд
...Муаллим ба ман хостгор шуд ва ман ба ӯ расидам. Се фарзанди хурдсолашро, ки ду писару як духтар буданд, ба воя расонидам. Худо ба худи ман пайи ҳам 3 писару як духтари дигар дод. Ҳамин тавр, соҳиби 7 фарзанд шудам. Фарзандонамро ба ӯгаю ҷонӣ ҷудо накардам, балки ҳамаро ба воя расонида, соҳиби маълумот ва хонаву дар кардам.
-Тақдири се духтаратон, ки дар хонаи шавҳар буданд, чӣ шуд. Умуман, тақдири дугонаатон Моҳрӯ чӣ шуд?
-Аҷоиботро бинед, ки Моҳрӯ ҳам духтар таваллуд карду бо ҳамин як духтар рӯи фарзанди дигарро надид. Ҳар гоҳе маро хумори дидори се духтарам мегирифт, пинҳонӣ хонаи ҳамсоя рафта, онҳоро дида меомадам...
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати варикоз
...Занҳое, ки варикоз доранд, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд. Табиб баъди гузаронидани тахшисҳои махсусе, ки дараҷаи бемориро муайян менамоянд, мувофиқи вазъи ҳолататон ба шумо доруворӣ ва малҳамҳои махсусеро тавсия медиҳад, ки девораи рагҳои хунгардро пурқувват месозанд ва хунро тунук карда, гардиши онро ба низом медароранд. Маъмулан, баъди истифодаи ин бемориҳо дард кам ва оҳита-оҳиста нест мешавад. Барои он ки табобат самараи хуб диҳад, ҷойҳои варикоз доштаи поятонро ҳатман бо бинти эластикӣ бандед ё ҷӯробҳои махсуси эластикӣ пӯшед...
Бо айби шавҳар “бомж” шудам
...Ман дигар илоҷ надоштам, тамоми пули доштаамро ҷамъ карда, билет харидаму ба Ватан омадам. Волидони шавҳарам маро дар хонаашон роҳ надоданд, тӯҳматам карданд, ки ту бачаамонро бероҳа карда, ба Русия бурдӣ. Ман фарзандонамро ба падару модари пирам гузошта, ба Корея мардикорӣ рафтам. Фарзандони падарам диданд, ки волидони пирам аз ӯҳдаи тарбияи чор духтар намебароянд, онҳоро байни ҳам тақсим карда гирифтанд. Шавҳари беномусам ҳатто барои фарзандонаш як тини пуччак намефиристод. Намегуфт, ки чор духтараш дар ба дари тағову хола ба воя мерасанд, ҳоли онҳо чӣ шуда бошад? Бибию бобои падарияшон ҳам кӯмак намекарданд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 25-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 30-юми июни соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!