Шаби 22-юм як масҷиди ҷомеъ, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат оташ гирифт. Инро сокинони маҳаллӣ бо нашри аксу видеоҳо аз ҷойи ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор тақрибан соати дуи шаб аз дарвозаи масҷид сар шуда, даррав тамоми биноро фаро гирифт. Хушбахтона, касе осеб надид.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки 2 рӯз боз мардум тариқи ҳашар ба тоза кардани оқибатҳои сӯхтор машғуланд.
Ин масҷид дар кӯчаи Абдулло Зикир ҷойгир буда, барои 1000 нафар сохта шуда, яке аз калонтаринҳо буд. Он соли 2013 бозсозӣ шуд.