Масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Вазорати мудофиа баррасӣ шуд
223

Дар Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи навбатии комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2025 ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд.

Дар ин хусус аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҷаласа таъкид шудааст, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» бояд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шавад, зеро хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз барои афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш - хизмат ба Ватанро бо сари баланд ва масъулият иҷро намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД