Formula novemver 2024
Марям Исоева: Даргузашти Адҳамро фаҳмида, тамом шудам
2394

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов ҳафтаи қабл дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт ва аҳли фарҳанги кишварро дар мотам шинонд.

Устоди Адҳам Холиқов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева дар суҳбат бо Oila.tj аз марҳум ҳамчун як нафари дар ҷодаи пешгирифтааш ҳирфаӣ тавсиф кард: “Боз як фарзанди фарҳангие, ки фарҳанги тоҷикро бо маҳорати баланд, бо садои беҳамтояш, ки садои тилоӣ номида буданд, муаррифӣ намуд, дунёро падруд гуфт. Шогирди ман Адҳам Холиқов!”.

Марям Исоева лаҳзаи огаҳ гаштан аз даргузашти шогирдашро чунин қисса кард: “Субҳ, вақте ки ба беморхона мерафтам барои табобат гирифтан, мардуми нишаста дар дасташон телефон, гуфтанд, ки Адҳам Холиқов вафот кардааст. Ман гуфтам, ки чӣ, чӣ, чӣ, кадом Адҳам? Баъд шарҳ доданд. Ман дигар тамом шудам”.

Ӯ афзуд:

- Барои Адҳам, агар ҳазору як шаб сухан гӯям, ӯро васф кунам, кам аст. Мехоҳам бо чунин мисраҳои шеър суханамро, диламро, меҳрамро, ишқамро, модар буданамро ба ин фарзандам баён намоям:

Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ, зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч!

Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Шогирдони беҳамтоям Аловуддину Убайдулло Раҷаб, Қиёмиддин Чақалов ва дигару дигарҳо дунёро падруд гуфтанд, ки ҳамаи онҳо фонди тилоии миллати тоҷику фарҳанги тоҷик, зеби саҳнаву зеби кинову зеби ҷаҳон буданд. Дигар онҳоро баргардонида намешавад.

Биёед ба қадри якдигар расем, то он рӯзе, ки зинда ҳастем!

Ёдовар мешавем, ки Адҳам Холиқов Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1970, Консерваторияи давлатии шаҳри Маскавро соли 1979 хатм карда, солҳои 1970-1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и шаҳри Маскав, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд. Маҳорати сарояндагии хешро дар Академияҳои операвии Италия сайқал додааст.

Адҳам Холиқов маҳорати баланди сарояндагӣ дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷиро дошт. Бо иштироки ин овозхони хушсалиқа дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо додаанд.

Дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб бозидааст. Дар 30 спектакли операвӣ нақш офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД