arzon replenishment
Маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2024 баргузор шуд
136

Дирӯз, 17-уми феврали соли 2025 дар толори меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он беш аз 1,7 миллион сомонӣ ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, нахуст иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи варзиши кишвар дидан намуда, акси дастаҷамъона гирифтанд. Сипас, пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи мустанад оид ба дастоварду комгории соҳаи варзиши кишвар дар соли 2024 дар ҳаҷми 10 дақиқа манзури ҳозирин гардонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, варзишгарон, роҳбарону мураббиёни сохторҳои варзишии мамлакат, собиқадорону фаъолони соҳаи варзиш ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ дар соли 2024 иштирок намудаанд.

Иброз гардидааст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Тавре зикр гардидааст, “боиси ифтихору шарафмандии мо масъулини соҳа ва варзишгарон аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавову ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бундёду азнавсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоидро фароҳам оварда истодааст”.

Сипас, дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат 46 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шудаанд.

Ҳамзамон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,«Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2024-ро эълон намудааст, ки беҳтаринҳо муайян карда шуда, дар маросими ҷоизасупории имрӯза қадрдонӣ карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД