Муҳаббати момаи Нигор
Ҳар гоҳе ба деҳа равам, ҳамсояамон момаи Нигорро албатта хабар мегирам, барояш тӯҳфаяке ва албатта набот мебарам.
Ёд дорам, замоне, ки хурд будем, агар гулӯямон дард кунад ё ягон захм барояд, модарам моро назди ин кампири ба қавли ҳамдеҳагон «дастгирифта» мебурданд. Ӯ дуо мехонду ба рӯямон куф мекард, баъд аз ҳар гуна алафҳои давобахш малҳам сохта, ба мо медод ва аҷибаш ин ки фоида мекард. Ман ҳам аз табобатҳои ин кампири ниҳоят зебову нуронӣ зиёд баҳра бурдаам. Ӯ дастмузди дарозкардаи модаамро ҳар дафъа мегардонд, очаам ноаён онро ба лаби докааш мебаст ё дар кисаи камзӯли сабзи махмалинаш мегузошт. Момаи Нигор вақти гусел албатта илова мекард, “ҳоло духтарам калон шавад, баъд як килло набот бардошта момаашро хабаргирӣ меояд”. Момаи Нигор момодоя ҳам ҳаст, писарам, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар рӯи дастони ӯ ба дунё омадааст. Ёд дорам, на духтурхонаҳо кор мекарданду на духтури занонае розӣ мешуд ба деҳаи дурдаст равад ва ба имдоди ман момаи Нигор расид. То баромадани чили писарам ҳар рӯз хабарам мегирифту маслиҳатҳо медод. Момаи Нигор момаи аксари кӯдакони деҳа аст, ҳоло ҳам хизмати ӯ бе муштарӣ нест, аммо пир шудааст, синнаш аз сад гузашта…
Момаи Нигор аёми кӯдакиву наврасии мо ҷавонтар буданду хеле зебо, баъдҳо пир ҳам шуданд, аммо ҳуснашон зарае кам нагашт. Пӯсти коѓаз барин сафед, докаи сафеди гирди рӯй печонда куртаҳои тоҷикии пар-паргиребонаш ӯро ба олиҳаи ҳусн монанд мекарданд. Шавҳараш бобои Очилдӣ баръакси ӯ як марди кӯсаи чашмтанги ба босмачиҳои кино монанд буд. Боре аз модарам пурсидам, ки чаро ҳамин қадар зани хушрӯ ба ин марди безеб расидааст, модарам “кори ту ақлак чӣ” гӯён, сарзанишам кард. Ба ин саволи ман аммаам ҷавоб дод, ки он вақтҳо он қадар ба маънояш сарфаҳм нарафта будам. Аммам ба нигоҳи норозиёнаи модарам нигоҳ накарда гуфт:
-Нигор дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард ва овозаи зебоияш дар атрофу акноф паҳн буд. Ӯро раиси ҷамоат келин кард, аммо писари эркааш ӯро дар қиморбозӣ ба Очилдии лақай бохт...
Дар меҳмонӣ ва аёдат
Ин дафъа чун ба зодгоҳам рафтам, чун одат аввал ҳама пиронсолони бистариро зиёрат кардам. Писарам маро дар аёдати калонсолон ҳамроҳӣ кард, ӯ хост аввал мошинро сӯйи хонаи момаи Нигор ронад ва зери лаб гуфт:
-Аввал момакалони Шумқорро (абераи кампир) мебинем а? Аммо ман, ки пазмони сӯҳбатҳои момаи ширинсухан шуда будам, не гуфтам ва дар охир назди момаи Нигор омадем. Хеле пир шудааст, хира медид, рӯйи бистари сафеди оҳарӣ тасбеҳ мегардонд. Писарам бо овози баланд “салом момаҷон” гӯён, вориди хона шуд ва ӯ дасташро ба рӯйи чашмаш соябон карда, ба мо нигаристу гуфт:
-Э хонат пури гандуме, Саидакбарӣ?-Чун овози маро шунид, бо хурсандӣ авҳолпурсӣ кард, аз рӯю мӯям бӯсид, ман ҳам ӯро ба меҳр ба оѓӯш кашидам, бӯйи ошно, бӯи ширу райҳону ҳулбӯ, бӯйи себаки хубонӣ меомад аз пироҳани сафедаки момаи бароям хеле азиз.
Сари як пиёла чой суҳбатамон қаймоқ баст, келину наберакелинҳо гирдамон парвона буданд. Кампир аз зиндагии хеш шукргузор буд, аз фарзандон, набераву аберагон бо шухӣ гуфт, ки намурдему рӯйи чабераро дидем. Писарам, ки бо аберааш рафиқи ҷониянд, аз ӯ дар бораи кӯдакиҳои ман пурсон шуду баъдтар чун тарошаи аз бом афтида гуфт:
-Момаҷон, ҳамин Шумқор мегӯяд, ки момам бисёр хушрӯ будаасту бобоям ӯро аз хонаи шавҳараш дуздидааст, оё ҳамин рост аст?
Ростӣ, нафас дар гулӯям ях баст аз ин беодобии писарам, оё ҳамин ҳам савол шуд, ки ба як кампири синнаш аз сарҳади 100 гузашта диҳӣ. Ман мехостам бо нигоҳам ба ӯ фаҳмонам, ки ин кораш нодуруст аст, аммо ӯ бепарвоёна бодом мехӯрду чашм аз рӯи мусоҳибаш намеканд. Момаи Нигор табассуми талхе карду гуфт, “э хонатон пури гандуме” ва оҳиста-оҳиста ба нақл кардан даромад…
Давом дорад