Зиндагиямон ором идома меёфт, занам ҳама корро уҳда мекунад, аз оби хона даромада аз оташаш мебарояд.
Падару модарам мегӯянд, ки кори хона бароят кифоя аст, вале ӯ вақт ёфта, боз дар кори замину боғ ҳам ба мо ёрӣ мерасонад. Фақат як одати занам ба апаҳоям ва модарам маъқул набуд, ӯ аз ҳад зиёд ба худаш аҳамият медод. Субҳи барвақт хеста, аввал худашро орову торо медоду баъд ба кор сар мекард. Падараш кори хуб мекарду акаҳояш ҳам, як апа дошт, ки дар пойтахт зиндагӣ мекарду сари чанд вақт барояш либосу атру упо мефиристод.
Модарам ҳамеша шикоят мекард, ки аз бӯйи атри занат сарам дард мекунад, апаҳоям бошанд, “ин худашро Шабнами Сурайё карда мебарояд, тинҷ нест, эҳтиёт кун” мегуфтанд.
Аввалҳо пуштии занамро гирифта мегуфтам, ки “хуб мекунад, барои ман мекунад”, падарам ҳам аз занам пуштибонӣ карда, ба апаҳоям мегуфт, ки кори худатонро кунед, аммо онҳо кори худашонро накарданд…
Оқибати сияҳкунӣ
Гоҳе ба ҳамсарам мегуфтам, ки Зулфияҷон, ту барои ман ҳар гунае бошӣ зебоӣ, бас, камтар ба рӯят ғозаю сурхӣ мол, аммо ӯ бо ханда мегуфт, ки зан бояд ҳамеша зан бошад. Чун аз норизогии апаҳоям гуфтам, ӯ бо ҳайрат гуфт:
-О апаҳоят ҳам худашонро нигоҳ мекунанд ку?! Апаи калоният мӯйҳояшро зард карду абрӯвону миҷгонаш сунъӣ ҳастанд, се тои дигараш ҳам аз ӯ камӣ надоранд, корашон ба ман чӣ?!
-Ту ба апаҳои ман кор нагир,- гуфта, ба рӯяш як шаппотӣ задам, ӯ хеле гиристу баъд таҳдид кард: -Мардакҷон, ман ҳомиладорам, ба хотири ҳамин тифли батнам туро мебахшам. Худо шоҳид, аммо минбаъд як бори дигар ба сарам даст мебардорӣ, аз ту ҷудо мешавам!
Мо оштӣ кардем, аз занам узр хостам, вале баъди як моҳ….
Дар хонаи амакам тӯйи арӯсии духтараш баргузор мешуд, ҳама тайёрӣ ба тӯй. Модарам гуфт, ки келинро намебарам, ҳоло ба маърака рафтанаш барвақт, аммо зани амакам, ки зани маро зиёд дӯст медошт, даҳ бор таъкид кард, ки зани Азизро ҳам биёред. Падарам низ “келин тайёр шав, тӯй меравем” гуфту модарам ноилоҷ монд. Ҳамсарам худашро сару соз карда, ҳамроҳи мо ба тӯй рафт ва ин ба апаҳоям маъқул нашуд. Рӯзи дигар ба хона омада, гуфтанд, ки “дар тӯй ҳама мардҳо зани туро нигоҳ карданду мисли “сиганҳо” сар то по тилопӯш буду...” Зулфия ҳам худашро дошта натавониста, гап гардонд, ки “апаҷонҳо шумо ҳам аз ман камӣ надоштед! Чаро дурӯғ мегӯед, ягон мард маро нигоҳ ҳам накардаасту гап ҳам напартофтааст. Ман на мӯйи зард дораму на мижгони сунъӣ, хайр каме ороиш карда будам. Тилловориҳоямро дар тӯй наандозам, дар куҷо андозам?!” Апаи калониям гиряро бардошт, ки дигар поямро ба санҷаи дари ин хона намемонам ва ман сари қаҳр занамро зери мушту лагад гирифтам. Зулфия ин дафъа ҳатто нагирист, ӯ пас аз ду соати ин моҷаро ду-се куртаашро гирифта, ба хонаи падараш рафт. Модарам ҳамин қадар ӯро аз роҳаш гардонданӣ шуд, вале занам нагашт, ман гумон кардам, ки ӯ намеравад, падарам дар хона набуд.
Инак, ду моҳ мешавад, ки занам дар хонаи падару модараш аст, хусурам гуфтааст, ки дигар намемонам пойи духтарам ба он хонадон расад. Ростӣ, ман ба хонаашон нарафтам, вале падару модарам чанд бор рафтанду хусурам занамро омадан намондааст. Занам телефон надорад, ман ба телефони янгааш занг зада, хоҳиш мекунам, ки телефонро бурда ба вай диҳанд, аммо ӯ бо ман гап задан намехоҳад.
Илтимос, ба ман кӯмак кунед, намехоҳам оилаам вайрон ва фарзанди нахустинам зиндаятим шавад.
Азиз, Таснифи Нисо