Маркази ягонаи реклама барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъсис ёфт
82

Тавре раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар ҷумҳурӣ Маркази ягонаи реклама барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таъсис ёфтааст, ки ҳадафи он ба танзим даровардани пахши реклама мебошад.

Қарори Ҳукумат дар бораи таъсиси маркази ягонаи реклама барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ таҳти №1 рӯзи 2-юми январи соли 2026 қабул шуда, маркази мазкур дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон амал хоҳад кард.

“Пахши таблиғ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бояд ба танзим дароварда шавад. Ин марказ ҳамаи рекламаҳоро қабул мекунад, баъд дар ҳар шабакаи телевизионӣ ва радиое, ки мизоҷ мехоҳад, пахш хоҳанд шуд”,- гуфт Носир Саидзода.

Раиси кумита зикр намуд, ки маркази мазкур натанҳо сабт ва пахши рекламаҳоро ба танзим медарорад, балки ба талаботи телевизион ҷавобгӯй будан ё набудани рекламаҳоро низ муайян менамояд.

Марказ барои мизоҷон чунин имкониятҳоро фароҳам меорад:

- Сарфаи вақти мизоҷон. Дигар ба идора ё телевизион омадани онҳо муҳим нест ва аз коргоҳ ё хона метавонанд маводи худро ба марказ тариқи онлайнӣ пешниҳод намоянд.

- Тариқи онлайн дар бораи пахши таблиғи худ маълумот дарёфт кунанд. Тариқи паёмаки телефонӣ низ дар бораи пахши маводи таблиғотӣ ба онҳо маълумот ирсол мегардад.

Носир Саид зикр намуд, ки яке аз вазифаҳои марказ ба танзим даровардани забони таблиғот мебошад, зеро дар рекламаҳое, ки имрӯзҳо дар телевизионҳо пахш мешаванд, ин мушкилӣ ҷой дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД