1xbet
Маркази тамос барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил шуд
12.09.2025
Oila.tj
105

Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар аз ташкил шудани Маркази тамос барои пешгирии зӯроварӣ хабар дод.

Бино ба иттилои кумита, рақами тамоси марказ 221-30-40 буда, сокинон ҳангоми дучор шудан бо зӯроварӣ дар оила метавонанд дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 тариқи он ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат кунанд.

Инчунин, маркази тамос рӯзҳои шанбе аз соати 8:00 то 12:00 низ арзу шикояти сокинонро қабул мекунад.

Мақсаду ҳадафи ташкили маркази мазкур татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ҳамоҳангсозии Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ, дастгирии занон ва пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила гуфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД