Дар шаҳри Бохтар сохтмони бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология идома дорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Иншоот бо дастгирии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд мешавад. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун пудратчӣ амалӣ месозад. Корҳои сохтмонӣ дар 874,30 метри мураббаъ идома дошта, масоҳати умумии бино 2820,60 метри мураббаъ ва ҳаҷми умумии сохтмон 1196,50 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Бунёди ин муассисаи тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ва ҳамчунин бемориҳои эндокринологӣ аҳамияти муҳим дорад.