new banner new years
Марианна Арипова: Падарам нотакрор буд
949

Вақте мо симои Абӯалӣ Ибни Сино ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро тасаввур мекунем, беихтиёр симои ҳунарпеша ва коргардони маъруф Марат Арипов пеши назар меояд. Зеро ин ҳунарманди номвар дар филмҳои “Абӯалӣ ибни Сино” (режиссёр Комил Ёрматов, соли 1956) ва “Қисмати шоир” (режиссёр Борис Кимягаров, соли 1959) нақши ин ду фарзанди барӯманди халқи тоҷикро бо маҳорати баланд ва хеле хотирмон иҷро кардааст. Мо бо фарзанди ин нобиғаи ҳунар Марианна Арипова - пианинонавоз ва кинодраматург доир ба зиндагиву фаъолияти падари зиндаёдашон мусоҳибае оростем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

- Дар оилаи аҳли эҷод ба дунё омадан бароятон ифтихор аст?

- Сулолаи эҷодии мо аз бибиам сар мешавад. Туҳфа Фозилова - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, нақши аввалини занонаро дар кино бозидааст. Бибиям дар Конибодом ба дунё омада, чанд муддат дар Тошканд ҳам кору фаъолият намудааст, вале Душанбе то охири умр хонаи умеду ормонҳояш буд. Дар зодгоҳи бибиям ба ягона Театри мусиқавии драмавӣ номи Тӯҳфа Фозиловаро доданд. Ин театр яке аз аввалин театрҳои касбии тоҷик мебошад.

- Шумо чӣ гуна ба дунёи санъат ворид гаштед?

- Аз кӯдакӣ истеъдоди мусиқӣ доштанам маълум буд. Модарам нақл мекарданд, ки тахминан дар синни яксолагӣ дар бағали падарам нишаста, таҳти мусиқии Бетховен, ки аз радио садо медод, худро ҳар сӯ меҷунбондам. Тағоям, ки дар оркестрҳои симфонии пойтахт сози фагот менавохт, дар 6-солагиям тавсия дод, ки маро ба мактаби мусиқӣ монанд. Ҳамин тавр, баъди мактаби мусиқӣ ба омӯзишгоҳи мусиқӣ ва баъдан ба Донишгоҳи санъат бо тахассуси сози фортепиано, ки халқ бештар пианино мегӯянд, дохил шудам. Бо ихтисоси мазкур чанд муддат кор кардам, то даме ки ба як садамаи фоҷиавӣ дучор нашудам. Соли 1991 ҳамроҳи дӯстонам, ки дар байни мо Наргис Бандишоева, сарояндаи хеле маҳбуб ва шинохта низ буд, ба садама дучор гардидем. Наргисро аз даст додем, ман ҷарроҳиҳои вазнинро аз сар гузаронидам. Чанд сол пас, баъд аз хонадоршавӣ ва соҳиби 2 фарзанд шудан, курсҳои олии режиссёриро хатм кардам.

- Ҳамчун кинодраматург дар бораи эҷодиёти падаратон чӣ гуфтанӣ доред?

- Ман мутмаинам, ки дар кинои тоҷик мисли Марат Арипов ҳунарманд набуд, нест ва намешавад. Ӯ нотакрор буд. 6 сол пеш аз таваллуди падарам тирамоҳи соли 1929 аввалин филми тоҷикӣ - “Поезди аввал” дар “Тоҷикфилм” рӯи навор омад. Он филми беовоз ва мустанад буда, аз дастовардҳои аввалини Тоҷикистони Шӯравӣ хабар медод. Падарам курсҳои олии кинематографистонро дар шаҳри Москва, дар гурӯҳи коргардони шинохта Сергей Герасимов хатм намуд. Бояд қайд намуд, ки падарам маҳбубтарин шогирдашон буданд. Ҳамчун коргардон 6 филмро ба навор гирифта, баъзе кадрҳои филми “Дар кӯҳҳо дили ман” (“В горах моё сердце”), ки бо модарам якҷо бозидаанд, ба барномаи таълимии коргардонҳо ҳамчун кадрҳои беҳтарин ворид шудаанд. Чун коргардон низ Марат Арипов хело муваффақ буданд.

- Вақте ки соли 1930 “Тоҷикфилм” таъсис дода шуд, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуданд. Дар ин филмҳо давраҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик ба таври шоиста инъикос ёфтаанд. Ақидаи шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

- Падарам санаи 27-уми август (соли 1935), дар Рӯзи байналмилалии кино ба дунё омадаанд. Ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта аввалин коргардони тоҷик Комил Ёрматов дар филмҳои худ аввалин актёре буданд, ки нақши мардонаро низ бозидаанд. Албатта он замон нахустфилмҳо беовоз ва сиёҳу сафед буданд. Нақши аввалини занонаро бошад, модаркалони бузургворам Тӯҳфа Фозилова офариданд. Баъдан филмҳои боовоз пайдо шуданд. Комил Ёрматов падарамро дар синни 19-солагӣ ба офаридани нақши Абӯалӣ Сино дар филми “Авитсена” таклиф карданд ва дар синни 21-солагӣ Ҳукумати Шӯравӣ барои ҳамин нақш унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶСС Тоҷикистонро доданд. Падарам ҷавонтарин ҳунарманде буданд, ки чунин унвонро сазовор гардиданд.

Баъдан Борис Кимягаров дар яке аз аввалин филмҳои худ падарамро ба офаридани нақши маликушшуаро, сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар филми “Қисмати шоир” таклиф кард. Филми мазкур ҳам аз лиҳози таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи ифтихори миллӣ беназир аст. Барои иҷрои беҳтарин нақши мардона филм ба якчанд ҷоизаҳо сазовор гардид. Марат Арипов дар давоми умри худ 24 нақши асосӣ ва чандин нақшҳои ҳунарии дигарро иҷро намудааст. Охирин нақше, ки дар кино бозидааст, дар филми Носир Саидов “Муаллим” мебошад, ки чун ҳамеша падарам нақши худро дар сатҳи хеле баланд иҷро намуданд.

- Оилаи шумо аҳли эҷоданд, бародаратон Анушервон журналист аст. Робитаатон бо бародаратон чӣ гуна аст?

- Бародарам Анушервон Арипов хабарнигори шинохта дар Тоҷикистон буд. Анушервон аз зани дигари падарам аст, ки баъди модарам падарам бо ӯ хонадор шуда буд, аммо ин монеи дӯстии мо буда наметавонад. Бародарам ҳамроҳи модараш соли гузашта ба Россия кӯч бастанд. Мо пайваста дар робита қарор дорем. Феълан модарам дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ман бошам, бо сабаби таҳсили фарзандонам бештар дар Амрико ҳастам. Аммо Тоҷикистонро фаромӯш намекунам. Ҳам меҳри Ватан, ҳам меҳри модари азизам, ки шукри Худо дар қайди ҳаёт ҳастанд, маро ба сӯи худ мекашанд.

Саида РУСТАМОВА,

мусиқишинос, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ (Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД