Марги Юсуфҷони 3-сола бо гумони латукӯби моиндар дар Файзобод
110

Дар ноҳияи Файзобод як кӯдаки 3-сола бар асари латукӯб ҷон додааст. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26-уми декабр дар деҳаи Шерамон рӯй дода, дар марги ин тифли маъсум моиндараш гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, Юсуфҷони 3-сола бар асари латукӯби моиндараш ҷароҳат бардошта, як рӯз пас дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон додааст.

Моиндари Юсуфҷони ғӯррамарг бо сабаби тифли ширхораи якуниммоҳа доштанаш ҳанӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале бозпурсии ин зани 31-сола аз ҷониби мақомот идома дорад.

Гуфта мешавад, ки зан мушкили равонӣ надорад, аммо муҳити хонавода ноором буда, байни зан ва дигар аъзои оила, аз ҷумла хушдоманаш тез-тез ҷанҷолҳои хонаводагӣ сар мезадаанд. Мақомот аз мушкилоти ин оила хабардор будаанд ва қаблан як маротиба бо онҳо суҳбат анҷом додаанд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.

Тӯли нимсолаи дуюми соли 2025 ин чорумин ҳодисаи ҷигарсӯзи марги кӯдакон ба дасти аъзои болиғи оила мебошад, ки расонаӣ мешавад. Қаблан дар вилояти Хатлон як зан 3 фарзандашро корд зад ва зани дигар худро бо 4 кӯдаки хурдсолаш ба дарё партофт, аммо худи зан зинда монда, тифлакон миёни амвоҷи пуртуғёни дарё ҷон бохтанд. Пас аз ин, падаре дар Шаҳринав писари 15-солаашро бо гумони дуздии 600 сомонӣ бераҳмона ҷазо дода, ба пушти мошин баста, кашола кард. Писарак бар асари ин ҳодиса ҷон бохт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД