Як писари 7-сола аз деҳаи Пахтакори ҷамоати Норини ноҳияи Ёвон рӯзи 24-уми октябр дар канали Магистралии ин ноҳия афтода, ғарқ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ки ин ҳодиса дар натиҷаи беназоратии волидони кӯдак рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади ноболиғро рӯзи 26-уми октябр наҷотдиҳандагон дар вилояти Хатлон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Дар пайи ин воқеа, мақомот аз падарону модарон хостаанд, ки фарзандони хурдсолашонро беназорат нагузоранд.