Arzon march 2024
Марги шавҳару зиндагии пуразоби Махина
1783

Маҳина Ахмедова, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо шаш писар аз шавҳар маҳрум мондааст.

Шавҳари Маҳина замоне вафот кард, ки фарзандонаш ҳамагӣ кӯдак буданд.
Зан бо азобҳои зиёд ва тангдастию машаққат 6 писарро калон карда, ба гирдоби қарз меғӯтад ва маҷбур шудааст, ки ба хотири кӯдаконаш хонаашро фурӯшад. Бо шаш кӯдак дар кӯча мондани ин бевазанро дида, раҳми харидор меояд ва иҷозат медиҳанд, ки дар хонаи худашон зиндагӣ карда, баъдан пули ӯро ҷамъ карда диҳанд, вале то ба имрӯз инмушкили Маҳина ҳал нашудааст.

Ғами 6 ҳазор доллар ҷигарамро об кард
Рӯзе, ки мо ба хонаи Маҳина рафтем, ҳавлию бому дари нимвайронаш дили касро ба дард меовард. Тирезаҳои шикаста, деворҳои заҳкашида ва кулбаи лйе, ки ба чоппашавӣ наздик аст. Соҳибхоназан дар як хона газча монда хӯрок мепӯхтанд, баъдтар фаҳмидем, ки ин хона натанҳо ошхона, балки ҷои хоби Маҳинаю фарзанднаш низ будааст.

Ростӣ, мо ҳаёти сангини ин зани тоҷикро ба навор бардошта будем, вале хотири фарзандонаш, ки “мо аз ҳамсинфону ҳамсолонамон шарм медорем” мегуфтанд, аз нашри он худдорӣ намудем.
Маҳина мегӯяд, хонаро қаблан фурухта буд, вале харидор аз дилсузӣ иҷозат дод. Ки дар хонаашон зиндагӣ карда, баъдтар пули қарзи ӯро, ки 6 ҳазор доллар будааст, баргардонанд, аммо...

“Магар барои ман-як бевазане, ки 6 фарзанд дорад ва бояд онҳоро хӯронаду пӯшонад, ҷамъ кардани 6 ҳазор доллар сон аст?!”-мегӯяд Маҳина Ахмедова.
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, як фарзанди мактабхони Маҳина бемор бада, чанде пеш ҷарроҳӣ шудааст. Бемории писараш вазъи бе ҳам душври млиявии ин оилаи камбағалро боз ҳам тангтар гардонд.

Бачаҳоям ба аскарӣ рафтанду...

Маҳина мегӯяд, фарзанди калонияш Фарҳодро, ки сарвари оилаю ноновари хонадон буд, ба хизмат бурданд. Ҳанӯз Фарҳод хизматро ба анҷом нарасонида, писари дуюмаш Муҳриддинро, ки дар нақлиётӣ байни шаҳрӣ кондукторӣ карда, барои модар ва додарони бе падараш як бурда нон ёфта меовард, ба аскарӣ гирифтанд. Аҷибаш он аст, ки Меҳроҷ Ҳамроқулов-фарзанди сеюми Маҳинаро замоне ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд ки ҳанӯз ба синни 18-нарасида буд.

Ин зани танҳо бо алам мегӯяд: “Чаро танҳо бачаҳи камбағал ба аскарӣ мераванд? Чаро фарзанди худи раиси ҷамоатро, ки ба синну ҳарбӣ расидааст, ба хизмат намебаранд?!”
Одатан ба чунин оилаҳои ниёзманд дар иду айём дасти мадад дароз намуда, кӯмакҳои ғизоиву млиявӣ мерасонанд, вале Маҳина мегӯяд, дар муддати якуним соле, ки се писараш дар хизмати Ватан буданд, ҳамагӣ 20 кг орд ва 20 кг биринҷ кӯмак гирифтаасту халос. Ба қавли худи зан, камбағал гуфта ба ӯ биринҷи куҳна овардаанд, ки вайрон шуда, хӯрданаш номумкин буд.

Фарҳод аз аскарӣ омад, вале...

Писари калонии Маҳина –Фарҳод соли 2020 хизматро тамом карда бо сари баланд баргашт, Муҳриддин як солу 6 моҳ боз дар хизмати ҳарбӣ буда, фарзанди сеюмаш Меҳроҷи 17-сола 6 моҳ боз аскар аст.

Албатта мисли ҳама модарон Маҳина ҳам умед дорад, ки писаронаш сиҳату саломат аз хизмат баргарданд, шояд зиндагиаш ранги дигар бигирад, вале аз ғаму ғуссаи зиёд вай ба бемории қанд гирифтор шудааст ва тез-тез касалиаш авҷ мегирад. Ғаму ғуссаҳои пай дар пайи зиндагӣ, махсусан ғами 6 ҳазор доллар қарзи бар дӯшаш буда, ин занро бармаҳал пир кардааст...

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД