Домоди бошафоат
Оилаи амаки Назир дар деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекарданду зиндагияшон асосан аз фурӯши меваҳои боғашон буд. Амаки Назир дар заводчаи зарфшӯии писарони апаи занаш, ки дар деҳаи ҳамсоя ҷойгир буд, кор мекард, аммо пули аз он ҷо меёфтааш ба зиндагии оилаи калонаш ба зӯр мерасид. Ӯ бо ҳамсараш Зарифа даҳ фарзанд доштанд, нӯҳ духтару як писари якдонае, ки ба умеди ӯ ҳар сол пайи ҳам духтардор мешуданд. Зарифаи хубрӯ танҳо як апа дошт, ки ӯ баръакси хоҳараш нӯҳ писар дошту як духтар. Писарашон Додихудо баръакси хоҳарони қоматбаланди абрӯсиёҳаш пастаки зардаки сурхинарӯ буд. Ҳамагон ӯро ба бобои модарияш, ки хеле ҷавон оламро падруд гуфта буд, монанд мекарданд. Зарифаю Халифаро модар баъди марги бармаҳали шавҳар танҳо ба воя расонида буду ҳамеша онҳоро насиҳат мекард, ки ба ҳамдигаратон мисли гӯшту нохун наздик шавед, фарзандони шумо бояд ба ҳам мисли акаву хоҳар бошанд, зеро шумо бародар надоред. Халифаро холааш барои писари калонияш келин кард, ки хеле сарватманд буд. Зарифаро бошад, ҳамсояписар Назир, ки зиндагии миёнаҳолона доштанд, ба занӣ гирифт. Чун писарони Халифа ба воя расиданду ҳар кадоме хонда, соҳиби диплому кори равғанӣ гаштанд, ба холаашон ёрӣ мерасонданд. Духтарони амаки Назирро, ки ниҳоят зебову хушахлоқ буданд, ҳама хешу табору ҳаққу ҳамсоя келин хушдор буданд. Савронбии нозанин- духтари саввумашонро бошад, Халифа барои писари калонияш Юсуф келин кард. Юсуф занашро ба дараҷае дӯст медошт, ки ба хотири ӯ зиндагии холаашро мисли зиндагии оилаи худашон шоҳона кард. Чун Додихудо мактабро хатм кард, ӯро ба донишгоҳи бонуфузе дохил намуда, барояш дар пойтахт хонаи чорҳуҷрагӣ харида доданд.
Қарчиқудо
Зарифа мехост пайванди фарзандонаш бо фарзандони апаи ягонааш хубтар аз ин бошад ва барои писараш духтари ягонаи ӯро хостгорӣ кард. Зулайхо, қоматбаланду абрӯсиёҳу нозанине буд, аммо қиммати холаашро дар назди падару модараш медонист ва гапи онҳоро ду накарда, ба писархолаи ноҷинсакаш расид. Арӯс ҳамроҳи шавҳари донишҷӯяш панҷ сол дар Душанбе буду тамоми хароҷоти зисту зиндагии онҳо ва хондани Додихудо дар гардани писархолаҳояш. Зиндагӣ дар маҷрои худаш идома дошт, Додихудо донишгоҳро хатм карду бо ёрии писархолаҳо-хусурбачаҳояш ба вазифаи равғание таъин шуд. Падару модарашро ба Ҳаҷ равон кард, дар деҳа, ки сарватмандонаш ангуштшумор буданд, қаср бунёд кард. Ҳамсараш пайи ҳам чор писари паҳлавон таваллуд карду сари ӯро ба осмон расонид. Апаву хоҳар аз ин қудоӣ хурсанду хушнуд умр ба сар мебурданд. Шукронаи Худованди бузургро менамуданд, ки насиҳати модарро гирифтанду ба шарофати насиҳати ӯ соҳиби ин давлати бузург шуданд. Кампири модарашон ҳам ризову хушнуд аз духтарони порсояш дар синни 92-солагӣ оламро падруд гуфт.
Раиси занакбоз
Мардум дар ҳозиру ғоибаш Додихудоро раис мегуфтанд, ӯ ҷавонмарди сахӣ, дастгири бенавоён, хушсухану намозхон, вале занакбози гузаро буд. Шояд инро занакбозӣ ҳам гуфта нашавад, зеро ӯ зани ба худаш маъқулро ба никоҳаш медароварду барояш хонаву дару ҷову ҷалол мекард. Касеро дар нимароҳ намондаву ба зану духтари касе назари каҷ ҳам надошт. Зулайхо медонист, ки шавҳараш зани дуюм дорад ва ҷангу ҷанҷол ҳам намекард, зеро барои ӯ ин як амали муқаррарӣ буд. Дар оилаи онҳо низ ғайри акааш Юсуф, ки занашро зиёд дӯст медошт, ҳама зани дуюм доштанд. Ҳама янгаҳояш бо палонҷҳояшон рафту омад низ доштанд, янгаҳояш бо Савронбӣ шӯхӣ мекарданд, ки “апа, ҳамон муллоятро ба мо нишон деҳ, ин чӣ хел мешавад, ки акаи Юсуф сарватмандтарин марди кишвар бо як шумо тоқат карда истод?” Савронбӣ бо хандаи зебо ҷавоб медод, ки “не, Юсуфи ман ҳам дорад зани дуюм, аммо мисли шавҳарҳои шумо намоишро дӯст намедорад”. Зулайхо гоҳе ба шавҳараш мегуфт, ки “хайр, бигӯ суроғаи зани дуюматро, ман ӯро намекушам, мехоҳам бинамаш, ки аз ман чӣ зиёдатӣ дорад”? Додихудо ҳамеша ҷиддӣ ба духтархолаи нозанинаш мегуфт, ки “ту аз ҳамаи онҳо зеботар, нозанинтар, боҳунартар, дилхоҳтар ва дӯстдоштанӣ ҳастӣ”. Зулайхо бо ҳайрат мегуфт, ки “оҳииӣ, онҳо чанд кас ҳастанд?!” Зулайхо банди тарбияи чор писари нозанину кору бори хонаи сермеҳмон парвои гапу ғайбати мардумро надошт, аз пушти гап намегашт. Дар дил шукрона мекард, ки ҳамсараш зани дуюм дошта бошад ҳам, ба ӯ намегӯяд, ӯро дӯст медорад ва нисбаташ меҳрубон аст. Марги пайи ҳами хусуру хушдоману падараш ӯро дар ғам тар карданд. Акнун ягона ғамгусораш шавҳараш буд, модараш низ зуд-зуд ба хонааш омада, аз аҳволаш хабар мегирифт, аз марги апааш ғам мехӯрду духтарашро таъкид мекард, ки ҳаргиз духтархолаҳояшро хафа накунаду аз онҳо чизеро дареғ надорад. Зулайхоро баъзан аз насиҳатҳои модараш қаҳраш меомад, зеро ӯ апаҳои шавҳарашро апаи худаш медонист ва хеле дӯсташон медошт.
Давом дорад