Марги писарбачаи 12-сола бар асари ҳамлаи сагҳои оворагард дар ноҳияи Рӯдакӣ
306

Дар деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ як писарбачаи 12-сола дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард ҷон бохтааст.

Акси ҷасади пур аз захми писарак тӯли як ҳафтаи охир дар шабкаҳои иҷтимоӣ давр мезад, вале ҳақиқат доштани ин хабарро пас аз 10 рӯзи сар задани ҳодиса роҳбари Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Иноятулло Юсупов зимни суҳбат бо журналистон тасдиқ намуда, гуфтааст, ки ҳодиса субҳи 15-уми январ тахминан соати 8 рӯй дода, Муҳаммадҷони 12-сола дучори ҳамлаи сагҳои дайду гаштааст.

Пас аз ҳамлаи сагҳо писаракро ба беморхонаи Қарияи Боло бурдаанд, вале табибон ҷони кӯдакро аз панҷаи марг раҳоӣ бахшида натавонистаанд. Ҷасади Муҳаммадҷонро бегоҳии рӯзи 15-уми январ ба хок супурдаанд.

Гуфта мешавад, ки Муҳаммадҷони наврас барои дидани ҳавзи моҳипарвариашон ба заминҳои кишти деҳа, ки аз манзилашон хеле дур воқеъ гаштааст, рафта, дучори ҳамлаи сагҳои дайду гаштааст.

Дар пайи ин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ қариб 100 саги дайдуро “безарар” гардонидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД