Arzon accountant
Марги мӯйсафеди 75-сола дар садамаи нақлиётӣ
680


Санаи 2-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 15: 00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ Опел- Астра”, Набиев Далер Қодирович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, зимни ҳаракат дар роҳи мошингард “ Хуҷанд- Конибодом”, дар ҳудуди ҷамоати деҳот Хистеварзи ноҳияи номбурда, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Хундай- Портер”, таҳти идораи ронанда Ҷумъаев Ҷаҳонгир Мансурҷонович соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “ Опел- Астра”Саидмуратов Бегмурод, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри Конбодом ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ Хундай-Портер” Ҷумъаев Ҷ,М ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта айни ҳол дар беморхона бистарӣ аст. Оид ба ҳодисаи махкур таҳқиқоқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД