Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ёфт шудани ду ҷасад бо марги мармуз дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Рӯдакӣ ва худкушии як ҷавони 17-сола дар ноҳияи Айнӣ дар рӯзи гузашта хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми ноябр аз дохили чоҳе воқеъ дар бинои 26-и кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе як ҷасад бо марги мармуз пайдо гардидааст. Мақомот маълум кардаанд, ки ӯ марди 49-солае аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст. Сабаби ҷон бохтани ин мард дар чоҳ маълум нест. Наҷотдиҳандагон ҷасадро барои ташхис ва тафтиши сабабҳои марг ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз канали Кӯктош-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як ҷавон ёфт шудааст, ки дар ӯ аломтҳои марги маҷбурӣ намудор будааст. Мақомот гуфтаанд, ки ин ҷавон сокини 29-солаи деҳаи Мадад-1-и ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ҳоло сабабҳои марги ин ҷавонмардро мақомот таҳқиқ доштаанд.