Шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам апаам бемор шуда мурд ва парастории 3 фарзанди ятимаш бар дӯши ман афтид.
Мани ба ваҳшат афтида дар хоб ба ҳоли апаи ҷавонмаргам зор-зор гиря мекардам. Вақте аз хоб бедор шудам, болинам аз оби дида тар шуда буд ва дилам сахт-сахт метапид.
Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
С., муштарии сомонаи Оила. ТЧ
Посух
Марги хоҳар дар хоб таъбирҳои гуногун дорад. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар зани ҳомила чунин хоб бинад, аз хешовандони дураш ягон хабари нохуш мешунавад. Шахс хоб бинад, ки апаи зиндааш аз олам гузаштаасту гиряву нола дорад, бояд нисбат ба саломатии худ бепарво набошад, зеро чунин хоб нишонаи беморӣ буда метавонад. Хоҳар марги апаашро хоб бинад, байни аъзоёни оила ягон нофаҳмӣ сар мезанад, вале апа хоб бинад, ки хоҳараш аз дунё гузаштааст, бо ягон одами наздикаш ҷангу даъво мекунад.
Хоб бинед, ки духтари холаатон вафот кардааст, ба шаҳри дигар сафар мекунед.
Марги набераи хола ё амаатонро хоб бинед, тиҷорататон кассод шуда, бонкрот мешавед.
Хоб бинед, ки хоҳаратон дар тобут хобидааст, ин нишонаи тарси шахси хобдида аз марг мебошад.
Аммо хоб бинед, ки дар гӯристон гаштугузор доред, бо ягон шахси бароятон хеле муҳим вомехӯред.
Дар хобатон бо хоҳаратон ҷанг шуда, бо дастони худатон ӯро бӯғӣ карда кушед, дар зиндагӣ ба ягон хатогии бузург роҳ дода, баъд аз кори кардаатон сахт пушаймон мешавед.
Аммо кас дар хобаш апа ё хоҳари мурдаашро ба оғӯш гирад ё бӯса кунад, ин нишонаи хуб аст. Чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наздиконаш ҳамеша дар пушти шахси хобдида ҳастанд ва дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ӯро дастгирӣ карда, ҳаматарафа кӯмак мерасонанд.