sebiston july new
Марги фоҷиавии ҷавони 18-солаи тоҷик дар Русия
22.02.2023
ОИЛА
662


Тобути хунини боз як муҳоҷири меҳнатии тоҷикро аз Русия ба Ватан меоранд. Ин ҷавони 18-сола дар ғарибӣ ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидааст.
Шаб гузашта бар асари як ҳодисаи нохуш дар сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматии ЖК “Кудровский парк” дар шаҳри Кудровои ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград ду коргари ҷавон, ки ҳарду муҳоҷири меҳнатӣ будаанд, ба ҳалокат расиданд. Яке аз муҳоҷирони фавтида шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва ҳамкори 21-солааш зодаи Ӯзбекистон удааст. Ин ду ҷавони ормонӣ бар асари канда шудани болобардор (подъемник, “люлька”) аз баландӣ ба замин афтода, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳарду муҳоҷир дар Русия қонунӣ кору зиндагӣ мекарданд ва то моҳи марти соли 2023 сабти номи қонунӣ доштаанд.
Тавре ки Бомдод дар такя ба нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “47-й канал” навиштааст, шаби 21- феврал, тахминан соатҳои 20:15 посбони сохтмон барои назорати атроф ба берун баромадааст. Баногоҳ ӯ садои баланди ба замин афтодани болобардорро шунида, ба ҷои ҳодиса омадааст ва дар дохили он ҷасадҳои ба хун оғӯштаи ду коргарро пайдо кардааст. Посбон билофосила ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задааст, вале табибон коре карда натавонистанд: Ҳарду коргар баробари афтодан ҷон бохтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД