Вазорати умури дохилии кишвар аз марги фоҷиавии боз як ҷавони қавипайкару рустамбозуи тоҷик дар сари чамбарак хабар додааст. Абдухолиқ ҳамагӣ 32-сол дошт ва дар дил орзуҳои зиёде мепарварид, вале аспи оҳанинаш ӯро ҷониби водии хомӯшон кашонд...
Ин ҳодисаи ҷигарсӯз санаи 21-уми август, тахминан соатҳои 02:00-и шаб сар зада, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Сафарзода Абдуҳолиқ Холмурод, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст. Мошин ба тасмаи ҳимояи роҳ бархӯрда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Расулов Ҷумъахон Аҳмадхонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Муъминобод, бармехӯрад.
Мутаассифона, бар асари ин садамаи тақдирсӯз ронандаи “Опел”-и аввал Абдухолиқ Сафарзода дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошини дигар Ҷумъахон Расулов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ф. Сатторӣ