arzon replenishment
Марги фоҷиавии 4 кас дар 1 рӯз
1162


Дар як рӯз якбора 4 нафар ба таври фоҷиавӣ ҷон дода, 4 хонаи тоҷик мотамсарй гашт. Ҳалокшудагон аз 16 то 54 сол доштанд ва дар дили орзуҳои ширини бисёре мепарвариданд, вале ин 4 нафар қурбони як хато гаштанд. Як хатои тақдирсӯзи ронандагон...

Вазорати умури дохилии кишвар аз марги 4 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, садамаи аввали тақдирсӯз сатҳои 01.40-и санаи 1-уми октябр сар зада, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Кемри”, Мирзоев Ифтихор Бурихонович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, зимни ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Турсунзода-Ҳисор-Душанбе, ” пиёдагарди ноболиғ, Мухторова Мунавара Аҳтамовна, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Ҳисор, ки аз мошини “Опел-Астра” фаромада ба тарафи чапи роҳ давида мегузашт ба қисми пеши мошини Тайёта-Кемри бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Мухторова М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда Мирзоев И.Б. аз ҷойи ҳодиса фирор намуда, баъди чанд лаҳза баргашта омадааст, вале духтарак ғарқа дар хуни худ аллакай ҷон дода будааст.
Садамаи дуюм аз аввали вазнинтар буда, санаи 1-уми октябр, тахминан соатҳои 12:10 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Комилзода Бахтовари Файзулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар километри 23-юми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Кӯлоб-Хоруғ”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса мусофирони дохили автомашина, Муъминов Шаҳзод Муҳаммадович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр ва Раҷабов Нуриддин Шукруллоевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Хуросон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодисаи сеюм шоми 1-октябр, тахминан соатҳои 21:20 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», Фозилзода Ҳусейнҷони Сангалӣ, соли тавалудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи гузоштаи канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, Олимов Хайрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД