1xbet
Марги декани собиқ баъди эълони ҳукм
62

Пулодӣ Парвиз Рӯзизода, декани пешини факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд бо иттиҳоми фасодкорӣ ва ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, пас аз эълони ҳукми суд, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Аз Суди вилояти Суғд хабар медиҳанд, ки мурофиаи ниҳоии Парвиз Пулодӣ 13-уми июн баргузор шуда, ӯ барои “пора гирифтани шахси мансабдор” (моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ) ва “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 139, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) гунаҳкор ва ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, ки баъди эълони ҳукм “фишори Парвиз Пӯлодӣ баланд шуда, дар боздоштгоҳ дилаш аз кор мондааст”. Сабаби марги ӯ бемории қалб гуфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД