shoh palace
МАРГИ ЧОР МУҲОҶИР ДАР ЯК РӮЗ
26.08.2020
Р. Азимӣ
4858

Салимҷон Ансорӣ, як нафар хонандаи фаъоли фейсбук ба хабарнигори сомонаи "Оила" хабар дод, ки чор муҳоҷири тоҷик дар як рӯз ҷони худро аз даст доданд. 

Мавсуф зикр кард, ки се ҷавони тоҷик, ки дар садама дар шаҳри Санкт-Петербург ба ҳалоқат расиданд, аз 20 то 26 сол доштанд. Якеи дигар, ки зодаи ноҳияи Файзобод аст, дар дарё ғарқ гаштааст.

 Ҷасади ин сокини Файзободро то ҳол наҷотдиҳандагон дар обанбори ҳудуди ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград ҷустуҷӯ мекунанд.


 Ҳамчунин ғарқ гаштани ин ҷавони тоҷикро дар наздикии Санкт-Петербург нашрияи минтақавии "47news". хабар додааст.  

Тонущий человек, архивное фото

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи якшанбеи гузашта дар кӯли Лесноеи назди боғи “ЭМО” дар наздикии шаҳри Новоселеи вилояти Ленинград рух додааст.

Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфтааст, ӯ шино кардан наметавониста ва чаде пас аз садои дархости ёрӣ ғарқ гашт. Гуфта мешавад, ҷавони ғарқшудаи тоҷик ҳамагӣ 25 сол доштааст.

Тибқи иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулодда, ҷустуҷӯ бо ҷалби шиноварон идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД