Марги 5 нафар бар асари садамаи
нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
Дирӯз, 24-уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи нақлиётӣ сар зада, бар асари ин ҳодисаи нохуш 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.
Садама дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рӯй дода, ронандаи мошини “Toyota Corolla Verso “ Мастибек Шоҳназарови 38 сола ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини борбари “Volvo Trucks”-и Зикрулло Атобулоеви 49-сола, ки сокини ноҳияи Мастчоҳ аст, бархурдааст.
Дар натиҷа Шоҳназаров ҳамроҳи 4 нафар мусофирони дар мошинаш буда- Садбарг Ашӯроваи 46-сола, Раҳмоназир Ашӯрови 52-сола, Меҳрубон Ашӯроваи 47-сола ва Завқибек Шоҳназарови 46-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Тафтишоти ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.