arzon replenishment
Мардуми Сурия ба Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ карданд
511

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 феврали соли 2023 кӯмаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз маводди ғизоӣ, либос, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ, дар маҷмӯъ 55 тон тариқи ду ҳавопаймо ба шаҳри Димишқ расонида шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мирсаид Сатториён, мухбири сомонаи “Оила” иттилоъ доданд.

Масъули бахши матбуоти сафорат зимни суҳбати катбӣ иброз дошт, ки кӯмаки мазкур ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим мегардад.

Зикр гардид, ки кӯмакҳоро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқ муовини вазири корҳои маҳаллӣ ва муҳити зисти Ҷумҳурии Арабии Сурия Муътоз Дуҳайҷӣ ва комиссияи махсус, иборат аз мақомоти марбути ин кишвар қабул намуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳоро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ба ҷониби Сурия супорид.

Баъди тақдими кӯмакҳо ҳайати комиссия якҷоя бо доираи васеи хабарнигорон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқ нишасти матбуотӣ доир шуд. Зубайдулло Зубайдзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, бино ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар паёми таслияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Арабии Сурия изҳор намуд.

Сафир зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пайванди муносибатҳои дӯстӣ бо Сурия дар чунин лаҳзаҳои душвор дар канори мардуми зарардидаи ин кишвар аст ва кӯмакҳои мазкур рамзи таваҷҷуҳ ва сиёсати хайрпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар навбати худ муовини вазири корҳои маҳаллӣ ва муҳити зисти ин кишвар Муътоз Дуҳайҷӣ аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин иқдоми саривақтӣ ва дасти хайру сахо дароз намудан дар чунин лаҳзаҳои душвор миннатдории самимӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин кӯмакҳо дар вақти басо зарурӣ ворид гардид.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҷониби Сурия ҳеҷ вақт ин амали наҷиби Пешвои миллати тоҷиконро фаромӯш нахоҳад кард ва ин иқдом муҳаббати Ҳукумат ва мардуми Сурияро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят афзуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД