Arzon march 2024
Мардон бештар кадом тоифаи занонро меписанданд?
454

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ба мардҳо танҳо бонувони ба мисли модел зебо ва олуфта маъқуланд, вале дар асл ин андеша чандон дуруст нест. Мехоҳед донед, ки мардон кадом тоифаи занонро бештар меписанданд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

  1. Мардон асосан бонувони шод ва ба худ боварӣ доштаро меписанданд, ба шарте, ки зан аз ҳад мағруру худхоҳ ва ҳавобаланд набошад. Зани бадқавоқ ва худпарасте, ки ба дигарон нописандона менигарад, зебо бошад ҳам, ғаши мардро меорад.
  1. Ба аксари мардон зани меҳрубон писанд аст. Мард мехоҳад баъди рӯзи душвори корӣ бо зани меҳрубоне суҳбат кунад, ки ӯро бо табъи болида истиқбол мегирад ва бо табассуми беғашу ширинаш ба мард неруи тоза мебахшад.
  1. Мардон ба занҳое, ки рӯй ва чашму абрӯвони худро аз ҳад зиёд рангубор мекунанд, чандон таваҷҷуҳ надоранд. Ба ҷинси зариф бештар хонумҳое писанд меоянд, ки мувозинати ороишот ва ҳусни табииро нигоҳ дошта метавонанд, яъне чунон нозукона макияж мекунанд, ки чеҳраашон табиӣ ба назар мерасад.
  2. Мардон зани шилқинеро, ки ба мард мечаспад, дӯст намедоранд. Занҳое, ки худашонро эҳтиром мекунанд ва ҳамеша қадри худро медонанд, ба мардҳо хеле писанданд.

5. Барои мард на танҳо ҳусни зоҳирӣ, балки ақлу тамиз ва дониши зан низ муҳим аст. Мардон бо занҳои оқила суҳбат карданро дӯст медоранд, ба шарте, ки зан худро аз мард донотар нагирад.

  1. Чизи дигаре, ки диққати мардро ҳамеша ба мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад, қалби пур аз раҳм доштани зан аст. Бонувоне, ки нисбат ба дигарон ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамоянд, дили мардонро ба осонӣ тасхир мекунанд.
  2. Мардон занеро меписанданд, ки дӯсти хуб буда, ҳамеша мардро рӯҳан дастгирӣ карда метавонад. Дастгирии маънавии зан ба мард барои расидан ба қуллаи орзуҳо кумак мерасонад.
  3. Мардон дӯст медоранд, ки зан ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошад. Зане, ки ҳама чизро мисли бозӣ қабул мекунад ва тамоман ҳисси масъулиятшиносӣ надорад, ба мардон писанд намеояд, зеро мард дарк мекунад, ки дар сурати оиладор шудан наметавонад дар оянда тарбияи фарзандонашро ба чунин зани бепарво бовар кунад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД