arzon replenishment
Мардҳои бе зан ва занҳои бе шавҳарро аз кор меронанд
1522

Мардон ва занони аз 28 то 58-солае, ки оиладор нестанд, аз кор ронда мешаванд. Ба одамони муҷаррад танҳо шаш моҳ муҳлат дода шудааст, то ки ҷуфти ба худ муносиб пайдо карда, оила барпо намоянд. Дар сурати дар давоми ним сол оиладор нашудан онҳоро аз кор меронанд.

Ширкати Shandong Suntech Chemical Group дар Чин тасмим гирифтааст, ки кормандони муҷарради худро аз кор холӣ кунад. Ба занҳо ва мардони аз 28 то 58-солае, ки дар ширкати мазкур кор мекунанд, роҳбарият фақат шаш моҳ муҳлат додааст, ки ҷуфти муносиби хешро ёфта, зудтар оиладор шаванд.

Тавре расонаҳо навиштаанд, ширкат огоҳ намудааст, ки дар сурати дар бадали ним сол оиладор нашудан, кормандони муҷаррад ҷойи кори худро аз даст медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД