Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷот ёфтани марде хабар дод, ки даст ба худкушӣ задааст.
- 23-юми марти соли 2025 соати 17:41 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари изтиробангез расид. Гуфта мешуд, ки аз пуле, ки дар қасабаи 46-уми шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва аз болои рӯди Душанбе мегузарад, шахсе худро ба дарё сарозер кардааст,- меафзояд манбаъ.
Бино ба зикри манбаъ, дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз ресмони эҳтиётӣ то ба макони марди ғарқшуда худро расонидаву ӯро ба занбар хобонида, бо ремон баста ва аз миёни дарё ба соҳил овардаанд. Сипас, ӯро фаврӣ ба бемористон интиқол додаанд.
Маълум шудааст, ки ин мард 41 сол дошта, сокини шаҳри Душанбе будааст. Вай гуфтааст, ки аз ноҷӯриҳои хонаводагӣ даст ба худкушӣ зада буд.
Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.