Суди вилояти Хатлон Муҳриддин Боқиев, ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои куштори бераҳмонаи дӯсташ ба 25 соли зиндон маҳкум намуд.
Тавре Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон гуфтааст, Муҳриддин Боқиев, ки қаблан барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ суд шудааст, рӯзи 10-уми апрели соли равон дар бозори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо дӯсташ Давронҷон Сангинови 39-сола вохӯрда, 15 ҳазор сомонӣ қарз пурсидааст. Пас аз чанд рӯз, санаи 19-уми апрел ҳарду ба теппаҳои наздики деҳаи Дӯстӣ дамгирӣ рафтаанд, вале гапашон гурехта, ҳарду даст ба гиребон шудаанд. Дар аснои кашмакаш Сангинов аз баландии 12 метр ба поён афтодааст. Муҳридин Боқиев ба ҷойи ба ҷабрдида ёрӣ расонидан ба сару рӯйи Давронҷон Сангинов бензин пошида, ӯро зинда ба зинда оташ задааст. Пас аз содир намудани ин ҷинояти вазнин Боқиев телефони мобилӣ ва корти бонкии Сангиновро гирифта ба маркази ноҳия омада, беш аз 12 ҳазор сомонӣ маблағи дар корт бударо гирифта, ба манфиати худ истифода бурдааст.
Нисбати Боқиев бо моддаҳои 104 (куштор) ва 255 (расонидани зарар ё несту нобуд кардани амволи шахси дигар)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, бо ҳукми Суди вилояти Хатлон ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Маҳкумшуда ҷазоро дар коллонияи ислоҳотии низомаш сахт адо хоҳад кард.