Мардеро дӯст медорам ва ӯ низ маро бо тамомӣ ҳастӣ дӯст медорад. Ошиқам маро ҳамчун зан қабул кардааст ва ман ўро ҳамчун шавҳар, лекин никоҳ накардем. Ў маро бо ҳама чиз таъмин мекунад. Донистан мехҳам, ки оё ин мард ба ман ҳаққи шавҳарӣ дорад?
Хонандаи Оила
Посухи Раёсати Фатвои ҶТ:
Никоҳ ва издивоҷ суннати ҳазрати Пайғамбар (с) аст ва ҳар гуна муносибати бидуни никоҳ дар байни марду зан амали номашруъ ва гуноҳ ба ҳисоб меравад. Чунин муносибат дар байни шумо нораво ва сабаби наҳсию бебаракатӣ дар молу ҷону хонадон мегардад, бинобар ин, бояд бо якдигар ақди никоҳи шаръӣ анҷом дода, ҳамчун зану шавҳари ҳақиқӣ зиндагӣ кунед, дар ин сурат баракат хоҳед ёфт.