Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд мардеро боздошт карданд, ки 2 хона ва се мошин дошта бошад ҳам, зану фарзандонашро ба гадоӣ маҷбур мекардааст.
Муродҷон Ғафуров сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, ҳамсараш Тӯтихон Раҳимоваи 40-соларо маҷбур мекардааст, ки ҳар рӯз ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш ба гадоӣ барояд. Ин оила дар назди маркази савдои “Амид” ҳамарӯза бо гадоӣ машғул буданд. Кӯдакон аксар вақт ба мактаб рафта наметавонистанд, зеро маҷбур буданд, ки ба модарашон “ёрӣ расонанд”.
Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки дар асл ин оила мушкилоти иқтисодӣ надоранд. Муродҷон Ғафуров соҳиби ду хона ва се мошини сабукрав, аз ҷумла як электромобил буда, мошинҳояшро ба иҷора додааст ва аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меовардааст, вале ба ин ҳам қонеъ нагашта, зану фарзандонашро ба гадоӣ маҷбур мекардааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки Муродҷон Ғафуров ҳар рӯз бо мошини шахсиаш зану кӯдаконашро ба назди маркази савдои “Амид”-и шаҳри Хуҷанд меовардааст, то ки аз раҳмдилию зудбоварии мардуми содадил истифода бурда, бо роҳи гадоӣ пули муфт ба даст оранд.
Кормандони милитсия бо аҳли оила суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва таъкид намуданд, ки дар сурати такрор намудани ин амал ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.