Commerce bank may-june 2026
Марде 476 сангпуштро аз Тоҷикистон ба Маскав бурдааст
209

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедовои Маскав кормандони гумрук мардеро боздошт намудаанд, ки 476 сангпуши зоти нодири осиёимиёнагиро аз Тоҷикистон бо худ бурдааст.

Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, ин марди кочоқчӣ аз ҷониби кормандони гумрук дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав ҳангоми воридоти ғайриқонунии 476 сангпушти зоти Осиёи Марказӣ боздошт шуда, шаҳрванди Русия будааст ва аз Тоҷикистон ба Маскав парвоз кардааст. Қочоқчӣ дар “долони сабз” боздошт шуда, вақти тафтиш аз бағоҷи ӯ ду қуттӣ сангпушт дарёфт шудааст, дар ҳоле, ки мусофир иҷозатномаҳои заруриро барои интиқоли ҳайвонот надоштааст.

Мард иқрор шудааст, ки мехост сангпуштҳоро тавассути мағозаҳои онлайн фурӯшад ва моли мусодирашуда танҳо як навбати "озмоишӣ" буд. Арзиши сангпуштҳои мусодирашуда беш аз 3 миллион рубли русӣ арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки пас аз мусодира ҳамаи сангпуштҳо ба Маркази такрористеҳсоли намудҳои нодири ҳайвоноти Боғи ҳайвоноти Маскав интиқол дода шудаанд.

Айни замон бар зидди мард бо иттиҳоми қочоқи ҳайвоноти ваҳшии махсусан арзишманд парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Дар сурати собит шудани гуноҳаш ӯро то панҷ соли зиндон интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД