Салом! Ман як зани 35-солаи тоҷик ва модари 4 фарзанд ҳастам. Шавҳарам марди намозхон бошад ҳам, нос мекашад. Аз рӯзе, ки моҳи шарифи Рамазон сар шудааст, ӯро тез-тез хумори нос гирифта, ба қавли худаш “сараш вайрон мешавад” ва бо ҳама ҷанг кофта мешинад. Баҳудаву беҳуда ба сари бачаҳо дод мезанад, маро бе сабаб ҳақорату дашном медиҳад. Мехоҳам донам, ки оё рӯза шавҳари ман ҳалол аст?
М. Г, сокини шаҳри Норак
Посух
Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон танҳо маънои аз хӯрдани ғизо ва об даст кашиданро надорад, тамоми узвҳои одамизод, аз ҷумла забонаш низ дар ин моҳи муборак бояд рӯзадор бошад. Рӯзадорӣ як навъ санҷиши иродаи мусалмонон аст. Инсон дар ин моҳи муборак бояд нафси худро лаҷом занад, аз ҳаром дурӣ биҷӯяд ва забони худро аз гуфтани суханони нопок-дашному ҳақорат ва ғайбату бӯҳтон нигоҳ дорад.
Кайфи нос баҳона шуда наметавонад, барои ҳалол рӯза доштан шавҳари шумо бояд аз дашному ҳақорат додан ва озори дигарон даст кашад.Паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С) таъкид кардаанд, ки агар касе дар моҳи шарифи Рамазон шуморо дашном диҳад, бар ӯ бигӯед, ки ман рӯзадорам.Озор додани дили рӯзадор гуноҳи азим аст. Буҳуда нагуфтаанд:
Моҳи Рамазон омад аз сӯйи биҳишт,
Омад ба машоми мӯъминон бӯйи биҳишт,
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не рӯйи биҳишт бинаду не бӯйи биҳишт.