Arzon march 2024
Мард бо гумони куштани собиқ ҳамсараш бо қайчӣ боздошт шуд
414

Кормандони милитсия як марди 41-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони одамкушӣ дастгир намудаанд. Ҳасан Азизов дар куштори бераҳмонаи собиқ ҳамсараш Ҳафиза Ҳикматоваи 38-сола гуморбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин мард аз занаш расман ҷудо шуда бошад ҳам, собиқ ҳамсарашро рашк бурда, думболагирӣ мекардааст. Рӯзи 20- январи соли равон байни онҳо ҷангу ҷанҷол сар зада, Ҳасан Азизов собиқ ҳамсараш Ҳафиза Ҳикматоваро зери мушту лагад гирифтааст. Марди бадрашк бо ин ҳам қонеъ нагашта, дар рафти ин моҷарои тақдирсӯз бо корд ва қайчӣ 48 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими зан зарба зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия Азизовро бо гумони одамкушӣ боздошт намудаанд. Айни замон нисбати ин мард бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда,тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД