Arzon march 2024
Маъракаи “16 рӯзи амал алайҳи хушунати гендерӣ” анҷом ёфт
14.12.2024
ОИЛА.ТҶ
377

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Британияи Кабир ва Ҳукумати ҶТ ба маъракаи “16 рӯзи амал алайҳи хушунати гендерӣ” бо ташкили мизи мудаввари муштарак ҳусни хотима бахшиданд.

2_3

Мизи мудаввар ба татбиқи таҳрири нави Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бахшида шуд. Ин чорабинии муҳими сатҳи баландро муовини сарвазири ҶТ хонум Дилрабо Мансурӣ ва Ҳамоҳангсози доимии СММ хонум Парвати Рамасвамӣ ҳамраисӣ карданд.

Намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, чаҳор самти асосии мусоидат ба баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунати гендериро баррасӣ карданд. Ин соҳаҳо таҳкими муҳити ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муҳим барои наҷотёфтагон аз хушунати гендерӣ, ҳалли меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон барои баробарии гендерӣ ва коҳиши камбизоатиро дар бар мегиранд.

3_3

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи ЮНФПА «Осиёи Марказӣ - Фонди муттаҳидшудаи амнияти Бритониё» (ISF) бо мақсади таҳкими пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

4_2

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД